Ташаббуси нек

Ташаббуси нек

Фарзанди фарзонаи деҳаи Ҷӯйисой, соҳиби ордени «Дӯстлик» ва унвони «Бинокори хизматнишондодаи Ӯзбекистон» Даврон Исломов нафақаи солонаашро ҳисоб кард, ки 13 миллион сӯм мешудааст. Вай дафтарчаи пасандозашро гирифту рост ба заводи истеҳсолоти маҳсулоти пластикӣ омад. Ба бахташ дӯсти наздикаш, иҷрокунандаи вазифаи директор Ӯктам Саидмуродов дар утоқи кориаш будааст.
– Ҷӯраҷон, – гуфт Даврон Исломович, – ман ният кардам, ки аз ҳисоби худам барои фарзандони деҳа майдончаи бозӣ бунёд намоям. Ба мо аттраксионҳои гуногун лозим.
– Аввало, барои чунин ташаббус як олам ташаккур, – Ӯктам Саидмуродов аз ҷояш хест ва даст сари сина гузошт: – шумо кори савобро оғоз намудед. Мо аз рӯйи имконият бо нархи арзон ва дастрас якчанд намуди аттраксионро пешкаши шумо мекунем.
Сипас, бо роҳи ҳашар майдончаи варзишу бозии бачагон бунёд гардид, ки дар ин кори хайр саҳми фаъолон Санъат Ҳамроқулов, Ҳамид Равшанов, Бахтиёр Қурбонов, Самеъҷону Тоҳирхон ва дигарон хеле калон аст.
Ҳоло аз пагоҳӣ то фурӯ рафтани офтоб бозигоҳ бо писаракону духтаракон гавҷум буда, хурсандии онҳо интиҳо надорад.
– Ман хурсандии бачаҳоро дида ашки шодӣ рехтам, – мегӯяд Даврон Исломов. – Охир, замоне мо ҳам кӯдак будем. Вале барои бозӣ имконият дастрас набуд. Раҳматӣ падарам Исломбобо, ки дар синни 86-солагӣ вафот кардаанд, насиҳат менамуданд, ки ҳар як шахс барои ободии зодгоҳ саҳмгузор бояд шавад. Умед аст, ки ин иқдоми нек дар дигар гузару маҳаллаҳо низ амалӣ карда мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки раҳматӣ қиблагоҳам як қисми замини худро барои сохтмони чойхонаи гузар бахшида буданд. Пас чаро мо, фарзандон анъанаи неки гузаштагонро идома надиҳем?!
Мӯҳтарам Президентамон барои ободу зебо ва ҳаёти хушбахтонаи мо шабу рӯз меҳнат мекунанд, ки лоиқи таҳсин аст. Ин кори мо қатрае аз уқёнус мебошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: