Консулхонаи ифтихории Франсия

Консулхонаи ифтихории Франсия

дар Самарқанд кушода шуд

Ташрифи ҳайати намояндагони Франсия бо сарварии котиби давлатии назди вазири корҳои хориҷӣ ва Европаи Франсия Жан-­Батист Лемуан ба диёрамон аз Самарқанд оғоз ёфт.
Дар вохӯрӣ бо ҳокими вилоят Э.Турдимов торафт ривоҷ ёфтани алоқаҳои байни Ӯзбекистону Франсия дар соҳаи савдову иқтисодӣ, маданиву гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар таъкид карда шуд. Ташрифи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Франсия, ки моҳи октябри соли 2018 амалӣ гардида буд, имконияти дар зинаи нав давом додани алоқаҳоро фароҳам овард. Дар вилояти Самарқанд низ дар ҳамкорӣ бо тадбиркорон ва ширкатҳои франсуз лоиҳаҳои муҳим амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Модернизатсияи идора намудани партовҳои маишии сахт дар шаҳри Самарқанд»-и Агентии тараққиёти Франсия дар шаҳр сохтори идоракунии комплексии партовҳо, ки ҷараёнҳои аз нав коркард ва ҳалли инноватсионӣ, муҳофизат намудани муҳиту атроф, истифода бурдан аз захираҳои табиӣ ва нигоҳдории онҳо, ки ҷамъоварии партовҳоро фаро мегирад, сохта мешавад.
Дар вохӯрӣ барои босифат ва саривақт амалӣ намудани лоиҳаи мазкур мубодилаи афкор карда шуд.
Пас аз ин аъзои делегатсия дар кушодашавии консулхонаи ифтихории Франсия дар Самарқанд иштирок карданд.
– Робитаҳои байни Ӯзбекистону Франсия таърихи тӯлонӣ дорад, – гуфт Жан-­Батист Лемуан. – Солҳои охир мустаҳкамтар гардидани робитаҳо хурсандиовар аст. Бахусус, пас аз вохӯрии Президенти ду мамлакат, ки тирамоҳи соли гузашта ба амал омад, муносибатҳоямон боз ҳам беҳтар гардиданд. Дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин бор дар Ӯзбекистон, дар шаҳри зеботарини он Самарқанд кушода шудани консулхонаи ифтихориамон инро тасдиқ менамояд. Фикр мекунам, ки ин муассиса барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни мамлакатҳоямон ва халқҳои ӯзбеку франсуз хизмат хоҳад кард.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: