Фестивали ҷавонон  дар Қарнаб

Фестивали ҷавонон дар Қарнаб

Иҷрои панҷ ташаббуси Президентамон, ки ба ҷавонон нигаронида шудаасту 19-уми марти соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ пешниҳод гардида буд, дар вилоятамон ба тарзи ба худ хос оғоз меёбад.
Дар қишлоқи дурдасти Қарнаби ноҳияи Пахтачӣ зери шиори «Ҷавонон – бунёдкорони оянда» фестивал баргузор гардид. Он бо ташаббуси Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ташкил гардида, дар доираи он вохӯриҳои ҷавонон бо адибу санъаткорон, депутатҳо, ярмаркаи китоб, мусобиқаҳои варзишӣ, назорати тиббии ройгон ташкил гардид.
Дар мактаби таълими умумии рақами 45-ум намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва амалии хонандагон ва ярмаркаи китоб ташкил карда шуд. Инчунин, намоишгоҳи яроқу аслиҳаи ҳарбӣ гузаронида шуд, ки он дар қалби ҳар як ҷавон ҳисси муҳаббатро ба Ватан зиёд кард.
Муаллими калони кафедраи психологияи ДДС Абира Баҳромова бо духтарони синфҳои болоӣ сӯҳбат намуда, муаммо ва саволҳои онҳоро шунид ва маслиҳатҳои зарурии психологӣ дод.
Ҳангоми назорати тиббӣ дар пункти тиббии қишлоқи «Қарнаб» ба беш аз 600 нафар маслиҳат ва тавсияҳои тиббӣ доданд. Инчунин, қабули сайёри сардори Садорати тандурустии вилоят баргузор гардид.
Бо мақсади дастгирии эҷодкорони ҷавон викторинаи «Китобхони ҷавон», тренинг доир ба психологияи ҷавонони пешсаф, барои тадбиркорони маҳаллӣ бизнес-­тренинг дар мавзӯи «Асрори ба муваффақият расидан» ташкил карда шуданд.
– Фестивале, ки дар қишлоқамон ташкил карда шуд, дар дили ҷавонон таассуроти калон гузошт, – гуфт Эътибор Маҳмудова. – Аз ҳама беш сӯҳбати депутати Палатаи Қонунмандии Маҷлиси Олӣ бо ҷавонон шавқовар буд.
Дар анҷоми фестивал барномаи консертии санъаткорони шинохта барои қарнабиҳо намоиш дода шуд.


Хизмати матбуоти Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: