Муҳофизони Ватан қасамёд карданд

Муҳофизони Ватан қасамёд карданд

Дар майдони Регистон қариб 200 нафар аскарони оддӣ, ки дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Самарқанд ба хизмати ҳарбии муддатнок оғоз намуданд, қасамёд карданд.
Дар тадбире, ки ба ин муносибат барпо гардид, ҳокими вилоят Э.Турдимов, қумондони қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ А.Саидов ба сухан баромада, хизматчиёни ҳарбиро табрик намуданд.
Аскарон, ки савганди ҳарбӣ қабул карда, ба номи мубораки муҳофизи Ватан мушарраф гардиданд, ба бовариву эътибор миннатдорӣ намуданд.
– Хизмати ҳарбӣ вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст, – гуфт аскари оддӣ Низом Мамаҷонов. – Барои иҷрои ин вазифа дар майдони Регистон қасамёд кардан, барои мо масъулият, ифтихор ва ғурур мебахшад. Ман ва сафдоронам ба қасамёдамон содиқ монда, вазифаи мардонагии худро дар назди Ватан сидқидилона иҷро мекунем. Муҳофизи муносиби шаъну шарафи Ватан гардида, ҳар зарраи хоки онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Ба аскарони ҷавон аз номи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон китобҳои «Тузукоти Темур» ва «Таърихи Ӯзбекистон» чун тӯҳфаи Президент тантанавор супорида шуд.


А.ИСРОИЛОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: