Вазифаи асосӣ — ҳалли муаммоҳои мардум

Вазифаи асосӣ — ҳалли муаммоҳои мардум

Маълум аст, ки дар диёрамон аз соли 2004 то соли 2017 дар натиҷаи дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ аз байн рафтани сохтори ягонаи идораи давлатӣ корхонаҳои ин соҳа ба алоҳидагӣ фаъолият пеш мебурданд ва ин сабаби паст шудани сифати хизматрасонӣ, ба таври кифоя тайёр нашудани соҳаҳои иқтисодиёт, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва фонди биноҳои бисёрқабата ба мавсими тирамоҳу зимис­тон гардид. Дар натиҷа, вазъи биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, хусусан дар ноҳияҳо хеле ташвишовар шуд.
Президенти мӯҳтарамамон бо мақсади ёфтани ҳалли саривақтии муаммоҳои ин соҳа, ки дар давоми солҳо ҷамъ шудаанд, бо фармони худ аз 18-уми апрели соли 2018 Вазорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷойи Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро ташкил намуда, дар назди он вазифаҳои устувор гузоштанд.

Вазорат доир ба ислоҳи куллии сохтори таъминот бо оби ошомиданӣ, канализатсия фаъолияти самаранок бурда, корҳои дар доираи барномаҳо иҷрошавандаро пайваста давом медиҳад.
Дар натиҷаи надодани эътибори ҷиддӣ корхонаи давлатии унитарии (КДУ) «Иссиқлик манбаи»-и вилояти Самарқанд то соли 2017 мавқеи худро дар байни аҳолӣ батамом гум карда, рӯ ба инқирози иқтисодӣ оварда буд. Бо мақсади беҳдошти фаъолияти КДУ «Иссиқлик манбаи» ва модернизатсияи дегхонаҳо лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои Институтҳои байналхалқии молиявӣ ба имзо расида, Вазорат барои аз нав ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи мазкур заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Инчунин, биноҳои бисёрқабатаи истиқоматие, ки то соли 1991 бунёд гардидаанд, ҳоло таъмири асосӣ карда мешаванд ва дар ҳудуди онҳо майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд.
Солҳои 2019-2021 дар вилоят бо мақсади мустаҳкам кардани базаи моддиву техникии муассисаҳои таълими томактабӣ (МТТ) 157 бинои МТТ реконструксия, 203 бинои боғчаҳо мукаммал таъмир карда, таъмини оби ошомидании 297 МТТ, беҳтар гардондании гармкунии 188 муассисаи таълими томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хулоса, баъди ташкил шудани Вазорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой дар давоми ду сол фаъолияти корхонаҳои Садорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой ба сифати сохтори ягона пеш бурда мешавад ва аз ҳама муҳимаш, ба сокинони вилоят хизматҳои коммуналии сифатнок мерасонад.
Бояд таъкид намуд, ки соли гузашта бо ташаббуси ҳокими вилоятамон Эркинҷон Оқбӯтаевич Турдимов ва иштироки прокуроратураи ҳарбӣ, Садоратҳои мудофиа ва вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят корҳои дар ин самт пешбинишуда, саривақт ва сифатнок иҷро карда мешаванд. Дар соли 2018 барои таъмири фонди биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, ободонӣ ва сабзазоркунии ҳудудҳо беш аз 45 млрд. сӯм сарф гардида, аз ин 35,9 млрд. сӯмаш ба ҳисоби кредити имтиёзноки бонкҳои тиҷоратӣ рост меояд.
Биноҳои бисёрқабатаи истиқоматии шаҳракҳои Фарҳод ва Кимёгарон чанд сол таъмир нашуданд ва аҳволи таассуфовар доштанд. Дар соли 2018 ҳамаи 154-то бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ, роҳҳои дохилӣ, шабакаҳои коммуникатсионӣ, инфрасохтори шаҳракҳо ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ таъмири ҷорӣ ва асосӣ карда шуда, шаҳракҳо ҳоло намуди зебои дигар гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2017 аксарияти аризаҳои шикоятие, ки аз аҳолӣ мерасиданд, ба соҳаи хонаву ҷой ва хизматрасонии коммуналӣ дахл доштанд. Дар давоми ду сол муроҷиатҳои ба ин соҳа дахлдор хеле кам шуданд.
Хулоса, дар вилояти Самарқанд то соли 1991 ҳамагӣ 1665-то бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ мавҷуд буда, дар солҳои 2017-2018 аз онҳо 565-тояш таъмири асосӣ карда шуданд ва боқимондаашон дар солҳои 2019-2020 пурра таъмир карда хоҳанд шуд.
Инчунин, имрӯзҳо бо ташаббуси Президенти мӯҳтарамамон аз ҳисоби маблағи 50 млн. доллари ИМА ки барои Хазинаи ободонӣ ва фаровонии вилояти Самарқанд пешбинӣ шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон корҳои сохтмон ва таъмирии зерин амалӣ мегарданд:
– пурра таъмир кардани 586-то бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ (120, 18 млрд. сӯм);
– сохтмони 156-то майдончаи варзишӣ ва бачаҳо (3,722 млрд. сӯм);
– сохтмони автоистгоҳҳо дар атрофи 61-то хонаҳо (1,954 млд. сӯм);
– сохтмони айвонҳо дар атрофи 53-то хонаҳо (1,723 млрд. сӯм);
– сохтмони 65-то ҳоҷатхонаҳои умумӣ (3,696 млрд. сӯм);
– сохтмони 60-то танӯрхона (1,1 млрд. сӯм);
– иваз намудани 71-то лифти кӯҳна дар биноҳои бисёрқабатаи массиви Сартеппа (14,2 млрд. сӯм).
Баробари иҷрои назарраси корҳо дар ривоҷдиҳии соҳаи хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой дар муддати кӯтоҳ, то ҳол дар ин соҳа бисёр масъалаҳои муаммонок ҳалли худро наёфтаанд. Мисол:
– ширкатҳои мулкдорони хонаву ҷойи хусусӣ дар ҳудудҳои дахлдор барои ҳифз ва истифодаи фонди биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ корҳои соҳавиро ташкил накардаанд;
– ба таъмири ҷории фонди биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар ҳудудҳо, ободонӣ ва сабзазоркунӣ, тозагӣ ва озодагии атрофи онҳо кам эътибор медиҳанд;
– дар биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ хизмати таъмири саривақтии коммуникатсияҳои муҳандисии дохили хона ва ҷойҳои истифодаи умумӣ ба роҳ монда нашудааст;
– инчунин, то имрӯз ба саволи кӣ ба қисми аз ҳудудҳои нейтралӣ гузарандаи шабакаҳои коммуникатсионии (қувваи электр, гази табиӣ, оби ошомиданӣ ва канализатсия) атрофи биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ мутасаддӣ аст, ҷавоби саҳеҳ нест.
Барои саривақт ҳал намудани ин ва дигар норасоиҳои то ҳол мавҷудбуда дар назди садоратҳои вилоятии Вазорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой ташкил намудани корхонаи давлатии «Ҳудуди эксплуататсияи хонаву ҷой»-ро таклиф мекунам.
Ҳоло қисми ҳолати аз ҳама беш таассуфовар доштаи соҳаи мо корхонаҳое, ки энергияи гармӣ истеҳсол мекунанд гӯем, муболиғае нахоҳад шуд:
– дар натиҷаи бисёр солҳо беэътибор мондани сохтори истеҳсолкунандаи гармӣ корхонаҳоямон, ки як вақтҳо дар ноҳияҳо мавҷуд буданд, толону тороҷ гардида, майдони заминашон пароканда шуда рафтанд;
– дегхонаҳои марказии шаҳри Самарқанд, ки дар гузашта 80 фоизи аҳолии шаҳрро бо энергияи гармӣ таъмин мекарданд, ҳам маънан ва ҳам ҷисмонан хеле кӯҳна шуда, шабакаҳои расонандаи гармӣ корношоям гардиданд.
– барномаҳое, ки ҳоло таҳия мекунем, ба шинондани дегхонаҳои хурд дар шаҳри Самарқанд асос ёфтаанд, вале онҳо талаботи аҳолиро пурра қонеъ карда наметавонанд. Имрӯз ин корҳо танҳо барои расмиятчигӣ иҷро карда мешаванд.
Бо мақсади ба тарзи мусбӣ ҳал кардани ин муаммоҳо мо аҳолиро даъват мекунем, ки дастгоҳи гармкунандаи индивидуалии ду контурӣ шинонанд. Вале ин ҳалли муаммо нест.
Инчунин, тарзи алтернативии сохтори гармидиҳанда ба сарфи аз меъёр зиёди энергияи электрӣ ва гази табиӣ оварданаш муқаррар аст.
Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз нав барқарор кардани сохтори марказонидаи гармидиҳандаро ҳалли аз ҳама самараноки муаммо медонам.

Р.САТТОРОВ,
сардори Садорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷойи вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: