Коррупсия- ғавчӯби тараққиёти мамлакат

Коррупсия- ғавчӯби тараққиёти мамлакат

Маълум аст, ки ришватхӯрӣ (коррупсия) аз мансаби худ барои мақсадҳои шахсӣ истифода бурдани амалдорон буда, он аз намудҳои асосии фаъолияти иқтисодии хуфиёна ба ҳисоб меравад. Вале на ҳамеша амалдорон ба коррупсия рӯ меоранд, балки баъзан тадбиркорон ҳам ташаббускори он шуданашон мумкин аст.
Ҳоло коррупсия дар идораҳои ҳокимият, иҷроия, намояндагӣ, суд ва ғайраи ҳамаи мамлакатҳои дунё ба яке аз муаммоҳои пурдолузарб табдил ёфтааст. Тарафи ба худ хоси чунин ҷиноятҳо ҳамин ки аксарияти онҳоро шахсоне, ки пеш аз ҳама худашон бояд ба қонун риоя кунанд ва онро ҳифз намоянд, содир мекунанд. Аз сабаби дар аксарияти мамлакатҳо васеъ паҳн шудани чунин ҷиноятҳо бар зидди онҳо дидани чораҳои қатъӣ тақозо карда мешавад. Ҳатто СММ бар зидди чунин коррупсия беш аз даҳто ҳуҷҷат қабул кард. Ғайр аз ин Шӯрои Европа, Иттифоқи Европа ва Иттифоқи давлатҳои мустақил низ дар ин самт ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул намуданд. Вале мутассифона, ин муборизаҳо самараҳои дилхоҳро надода истодаанд.
Умуман, коррупсия якчанд намудҳои асосӣ дорад:
1) аз рӯйи мақоми субъектҳо:
а) коррупсия дар идораҳои ҳокимият,
б) коррупсия дар сектори хусусӣ,
в) коррупсия дар сиёсат ёки коррупсияи сиёсӣ.
2) аз рӯйи дараҷа:
а) коррупсияи дараҷаи поин,
б) коррупсияи дараҷаи боло,
3) аз рӯйи дараҷаи хавфи иҷтимоӣ:
а) коррупсия – рафтор,
б) коррупсия – ҷиноят.
Ҳоло коррупсия бештар дар ташкилотҳои нодавлатӣ ва сектори хусусӣ ба назар мерасад.
Се шакли асосии коррупсияро нишон додан мумкин аст: 1. Шахсони мансабдор ба туфайли муносибатҳои хешу таборӣ ба қонунҳо риоя намекунанд. 2. Бо фаъолияти ҷиноӣ вобаста буда, ба «харидан»-и шахсони мансабдор асос ёфтааст. Онҳо бошанд, ба ивази гирифтани мукофотпулӣ хизматҳои ғайриқонунӣ мерасонанд. 3. Яке аз тарафҳо барои ба худ фароҳам овардани тартиби аз ҳама мусоид тоифаҳои дахлдори шахсони мансабдорро пайваста ба ҷиноят ҷалб менамояд. Ин шакли коррупсия бо ҷинояткории муташаккил вобаста буда, харида гирифтан фитна ва таҳдид карданро мефаҳмонад.
Шакли аз ҳама бештари коррупсияи сиёсӣ пора гирифтан ва додан ба ҳисоб меравад. Дар ҷойи дуюм ҳангоми интихобот ба ивази пора ба тарафи худ моил намудани субъектҳои сиёсат мебошад.
Аз рӯйи фаъолият дараҷаи поин, баланд ва вертикалии коррупсияро фарқ мекунанд. Дараҷаи поини коррупсия дар зинаҳои поин ва миёнаи органҳои идоракунанда паҳн шуда, бо робитаи амалдорон ва шаҳрвандон вобаста аст. (Аз рӯихат гузарондан, ситондани ҷарима, гирифтани литсензия ва рухсатномаҳои гуногун). Коррупсияи дараҷааш баланд дар байни сиёсатчиён ва амалдорони мартабаашон олӣ вомехӯрад ва бо қабули қарорҳои арзишашон калон вобаста аст (пешниҳоди лоиҳа ва қабули қонунҳо, супоришҳои давлатӣ, тағйир додани шакли мулкдорӣ ва ғайра).
Ҷинояти коррупсия на танҳо ба таври хуфиёна, балки бар асоси созиши тарафҳои ба робитаҳои коррупсионӣ дохил шуда, рӯй медиҳад. Дар аксари ҳол он сабаби ба органҳои дахлдори ҳокимият додани ариза намешавад, чунки аз созиши ғайриқонунӣ ҳар ду тараф ҳам манфиатдор ҳастанд. Ҳатто ҳангоми пурсидани пора ҳам дар баъзе ҳолатҳо шикоят мекунанд, чунки одамон ба ҷараёни мубориза бар зидди коррупсия бо беэътиноӣ менигаранд. Ба ин асосҳои объективӣ ва субъективии муайяни бо таҷрибаи миллӣ ва хориҷӣ вобаста мавҷуд аст. Ҳаракатҳои коррупсионӣ одатан дар намудҳои фаъолияти давлатие, ки фаҳмидани одамони мутахассис набуда хеле душвор аст, рӯй медиҳанд. Коррупсия ҷинояти хеле мосшаванда мебошад. Вай ба вазъият нигоҳ карда бевосита тағир ва такмил меёбад.
Бинобар ин мубориза бар зидди коррупсияро низ такмил бояд дод. Ин барои ояндаи давлат ва ҷамъият хеле зарур аст.
Ҷаҳонгир МАРДОНОВ,
сарҳуқуқшинос – мушовири Садорати
мубориза бар зидди монополияи
вилояти Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: