Ғолибон аниқ гардиданд…

Ғолибон аниқ гардиданд…

Дар маҷмӯи варзишии «Динамо»-и шаҳри Тошканд дар байни духтарони 18-20 – сола аз рӯйи намуди гӯштигирии занона мусобиқаи ҷумҳуриятӣ шуда гузашт. Дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарон қувва озмуданд.
Дар мусобиқа вакилони вилоятамон як медали нуқра ва ду медали биринҷиро ба даст оварданд.
Тарбиягирандаи мактаби варзишии ихтисосонидашудаи бачаҳо ва наврасони Самарқанд, толибилми соли саввуми коллеҷи педагогии ноҳияи Пастдарғам Гулнисо Келдиёрова (аз рӯйи тоифаи вазни то 57 кг.) соҳиби медали нуқра шуд. Толибилми соли саввуми коллеҷи педагогии Самарқанд Бастагул Дӯстмуродова (дар вазни то 72 кг.) ва толибилми мактаб – интернати захираҳои олимпии Тайлоқ Машҳура Пардаева (дар вазни то 59 кг.) медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Ба ғолибу ҷоизадорони мусобиқа диплому медалҳои Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурияти Ӯзбекистон супурда шуд.

Ҷавҳар ҶАББОРОВ
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: