Истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ

Истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ

Сокини маҳаллаи Халқободи ноҳияи Нуробод Ӯктам Сангиров аз замини наздиҳавлигии лалмии худ босамар истифода намуда, ба буҷаи оила даромади иловагӣ ҳамроҳ мекунад. Ӯ ҳоло дар 1,5 хол майдон гармхона ташкил карда, лимон ва сирпиёз парвариш менамояд.
– Соли 2016 аз филиали ноҳиявии Бонки халқӣ 14 миллион сӯм кредит гирифта, гармхона ташкил кардам, — гуфт Ӯ.Сангиров. – Дар ин ҷо 18-то ниҳоли лимон шинондем. То ба ҳосил даромадани лимонҳо байни ҷӯяҳо киштҳои мавсимӣ – кабудӣ, инчунин, бодиринг ва помидор корида, даромад ба даст меорем. Ҳоло сирпиёзамон тайёр аст. Пас аз фурӯхтани он дар замини холишуда шалғамча ва бодиринг мекорем. Даромади солонаи мо қариб 10 миллион сӯмро ташкил мекунад.

Б.МУСТАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: