Ғолибон Оқдарё мераванд

Ғолибон Оқдарё мераванд

Рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби варзишии бачагон ва наврасони ноҳияи Самарқанд зинаи ноҳиявии мусобиқаи «Стартҳои шавқовар» баргузор гардид. Дар он ҷамоаҳои мактабҳои таълими уму¬мии рақами 4, 2, 20, 16, 45, 10 ва 21-и ноҳия, ки дар давраи аввал ғолиб гардида буданд, иштирок карданд.
Мусобиқаро омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаб Қаҳрамон Салимов кушода ба иштироккунандагон омад ва комёбиҳо таманно намуд.
Муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби таълими умумии рақами 21 Ҳамроқул Турсунқулов дар бораи қоидаву тартиби мусобиқа сухан кард.
Дар анҷом ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 21 (С.Акбарова, Т.Шамсиева, П.Саидова, И.Абдурасулов, С.Иброҳимов, П.Саидов, С.Аҳтамова, Н.Мӯъминҷонова, Ш.Шарифов, Ҷ.Шуҳратов, М.Ҳамробоев, Р.Бӯриева, М.Баҳронова, И.Абдурасулов, П.Қосимов, П.Тиллоева) ғолиб баромада, барои иштирок дар зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Бояд гуфт, ки зинаи вилоятии мусобиқа 26-уми апрел дар ноҳияи Оқдарё гузаронида мешавад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: