Донишҷӯёни самарқандӣ дар Индонезия

Донишҷӯёни самарқандӣ дар Индонезия

метавонанд таҳсилро давом диҳанд

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд бо 32 нафар намояндагони 13 муассисаи таълими олии Индонезия, ба монанди Balli Internationak Scool of Tiurizm, Muhammaliyah University “PROF. Dr. Hamka”, Jakarta, Dian Nusatra University, Muhavvadiyah University (Sumatra), Bhayangkara University, Borobudur University ва ғайра вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони ҳар ду тараф, инчунин донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи байналхалқии туризми «Роҳи абрешим»-и Самарқанд иштирок карданд.
Дар оғози тадбир проректори донишгоҳ доир ба корҳои таълим ва тарбия, профессор Б.Тӯраев баромад кард ва меҳмононро хайра мақдам гуфта, барои ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, инчунин туризм арзи сипос намуд.
Дар рафти тадбир байни Донишгоҳи байналхалқии туризми «Роҳи абрешим» ва 13 донишгоҳи Индонезия меморандум ба имзо расид. Сипас, барномаи маданиву маърифатӣ барпо гашт.


Хизмати
матбуоти донишгоҳ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: