Шоире шукрона дар дил

Шоире шукрона дар дил

Чун анъана ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз як зумра эҷодкорон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон қабул мешаванд. Имсол боз 9 нафар узви ин созмони бонуфуз шуданд, ки дар байни онҳо шоир, носир ва ношир Асадулло Шукуров низ мебошад.
Асадулло Шукуров (Исмоилзода) зодаву парвардаи ноҳияи Сариоси¬ёи вилояти Сурхондарё аст. Пас аз хатми До¬нишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба рӯзномани¬горӣ машғул шудааст. Якчанд сол дар рӯзномаи мо – «Овози Самарқанд» ҳам кор кардааст. Ӯ муаллифи бисёр китобҳои назмӣ ва насрӣ мебошад.
Мо Асадулло Шукуровро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, чанд шеъри тозаашро ба диққати мухлисон ва ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш менамоем.
Шоире бо шеъри худ афсона шуд,
Шоире аз дарди ишқ девона шуд.
Шоиреро сӯхтанд кошонааш,
Шоире дар мулки худ бехона шуд.
Шоиреро ғарқ карда дар Аму,
Шоире дар банди сад завлона шуд.
Қисмати шоир пур аз ранҷу азоб,
Ранҷи ӯ кай гавҳару дурдона шуд?!
Шоире, ки ҳақ навишту ҳақ бигуфт,
Кай насибаш хилъати шоҳона шуд.
Бо худу бехуд гаҳе бо ёди ёр,
Шеър гуфту ӯ зи худ бегона шуд.
Эй Асад, шукрона з-ин доди Худо,
Номи ту дар байни халқ афсона шуд.
***
Ба рӯйи рӯшноӣ дар кушодам,
Ба сӯйи рӯшноӣ пар кушодам.
Буридам пеши роҳи зулматашро,
Раҳи нур аз дили Ховар кушодам.
Намонад, то ки торикӣ дар олам,
Ҳиҷоби чеҳраи дилбар кушодам.
Дилам бо рӯшноиҳо бипайваст,
Зи нури он дари дигар кушодам.
Бубастам роҳи оби мурдарегаш,
Даре бар ҷониби Кавсар кушодам.
Ба ҷуз аз рӯшании толеъи худ,
Гиреҳи зиндагӣ яксар кушодам.
Асад, то нури имонро биёбам,
Китоби поки пайғамбар кушодам.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: