Дастоварди гӯштигирони самарқандӣ

Дастоварди гӯштигирони самарқандӣ

Дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Сиани Хитой гузаронида мешавад, 3 нафар гӯштигирони намуди юнону румии вилоятамон иштирок карданд.
Нахуст чемпиони Олимпиадаи наврасони Нанкин Илҳомҷон Баҳромов, ки аз рӯйи тоифаи вазни 55 кг иштирок намуда буд, дар финал бо Хироми Катагарии японӣ қувва озмуд ва холи охиринро вакили мо ба даст оварда, чемпиони Осиё шуд.
Инчунин, паҳлавонамон аз рӯйи тоифаи вазни 130 кг Мӯминҷон Абдуллоев низ дар финал иштирок карда, ҷойи дувумро ба даст овард. Боз як вакили вилоятамон Ислом Баҳромов аз рӯйи тоифаи вазни 60 кг шарафи мамлакатамонро ҳимоя намуда соҳиби медали тилло гардид.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: