Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Дар бораи ба тарзи муносиб гузаронидани моҳи мубораки рамазон

Дар Ватани ҷоноҷонамон, ки рӯз то рӯз ривоҷ ёфта, зеботар мешавад, ба мустаҳкамсозии эҳтиром ва эътибор ба арзишҳои милливу динӣ, ба таври муносиб пешвоз гирифтани моҳи мубораки Рамазон, ки барои халқамон аз азал рамзи накӯӣ, саховат, меҳру мурувват ба шумор меравад, инчунин, ба мақсади васеъ тарғиб намудани моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси ислом, осоиш, кушодадилӣ, шукргузорӣ барин ғояҳои олиҷаноби он:

  1. Ахбори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи он, ки соли 2019 оғози моҳи Рамазон ба 6-уми май рост меояд, ба сифати маълумот қабул карда шавад.
  2. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо Бунёди дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний», Шӯрои ҷумҳуриявии мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ чораҳои мувофиқи анъана ва арзишҳои миллиамон дар маҳалҳо гузаронидани моҳи Рамазонро амалӣ намоянд. Дар ин:
    дар маҳалҳо чорабиниҳои маърифатӣ ва корҳои тарғиботие, ки ба гиромидошти одамгарӣ, покии маънавӣ, шукргузорӣ, ки дар моҳи Рамазон таҷассум ёфтаанд, расидан ба қадри ҳаёти осудаи ҳозираи ҳаётамон, ба якдигар некӣ кардани одамон, аҳлу ҳамҷиҳат умр ба сар бурдан даъват менамояд, тарбия намудани авлоди ҷавон дар рӯҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва динӣ хидмат мекунад, ба роҳ монда шаванд.
    Дар ин моҳи муборак, ки мурувват, аҳлӣ ва ҳамҷиҳатиро бузург медорад, барои аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кардани шахсони эҳтиёҷманд ва ба ёрӣ ниёзманд, дар маҳаллаҳо беш аз пеш мустаҳкам намудани муҳити меҳру мурувват ва эҳтироми тарафайн, боз ҳам пурзӯр гардондани чорабиниҳо бобати обод кардани зиёратгоҳҳои алломаҳои бузург, азизу авлиёҳо, қабристонҳо аҳамияти махсус дода шавад.
  3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии ахбори миллии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки тамоми чорабиниҳои вобаста ба гузаронидани моҳи Рамазонро васеъ равшан кунанд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурияти
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,
1-уми майи соли 2019.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: