Рӯйхати 100 китобе, ки бояд дар давоми сол хонд таҳия мегардад

Рӯйхати 100 китобе, ки бояд дар давоми сол хонд таҳия мегардад

Бо мақсади афзунсозии мутаассирии корҳои маънавию маърифатӣ, муборизаи босамар бар зидди хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷии соҳаи маънавият, мустаҳкамсозии иммунитети мафкуравӣ дар ҷамъият, ёрирасонӣ ба фаъолияти маънавии ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба афзунсозии самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ” қабул гардид.
1. Мувофиқи қарор самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ муайян карда шуд. Дар асоси он мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои қонуние, ки аз тарафи Шӯро қабул мегардад, ба ҷамоатчигии васеъ ба таври босамар расонида мешавад.
2. Доир ба боз ҳам афзунсозии самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ, беҳсозии салоҳияти интеллектуалӣ ва ҷаҳонбинии аҳолӣ, мустаҳкамсозии иммунитети мафкуравӣ Барномаи чораву тадбирҳо тасдиқ карда шуд.
3. Мувофиқи Барнома дар саросари мамлакат “Фестивали маънавият” ва озмуни “Беҳтарин тарғибгари маънавияти сол” гузаронида мешавад.
4. Рӯйхати “100 китобе, ки бояд дар давоми сол хонд!” таҳия мегардад.
5. Консепсияи тарбияи бардавоми маънавӣ ва методикаи муайян намудани ҳолати муҳити иҷтимоиву маънавии ҷамъият ва солимгардонии манзилноки он таҳия карда мешавад.
6. Кормандони масъул доир ба корҳои маънавию маърифатӣ дар муассисаи таълимии “Тарғибгари маънавият”-и назди Марказ такмили ихтисос менамоянд.
7. Нишони сарисинагии “Фидокори маънавият” таъсис мегардад.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: