Доим ҳамон бош, ки ҳастӣ ҳамон!

Доим ҳамон бош, ки ҳастӣ ҳамон!

Дар Самарқанд олимон, таърихчиён ва онҳое, ки солҳо дар вазифаҳои масъул кор кардаанд, кам нестанд. Вале танҳо ҳамонҳое аз онҳо сазовори эътирофу ҳурмати атрофиён, аҳли илм ва ҳамкорону шогирдон шудаанд, ки кӯшиш мекарданд то ҳақгӯю нотарс бошанд ва ҳеҷ гоҳ замонасозию беадолатӣ накунанд. Агар гӯем, ки яке аз чунин зиёиёни Самарқанд муаррихи шинохта ва олими музейшинос Нӯъмон Усмонович Маҳмудов аст, ҳеҷ муболиғае нахоҳад шуд. Барои исботи ин гуфтаҳо аз ҳаёту фаъолияти меҳнатии вай мисоле меорем.

Умр – мактаби маҳорати зиндагӣ, ки ҳар қадар солортар шавед, ҳамон қадар ба худомӯзиву комилият мепардозед. Табиати Нӯъмон Маҳмудов ҳам чунин аст: то ҳол мехонад, менависад…
Бояд қайд намуд, ки ӯ аз овони ба¬чагӣ нисбати мутолиа завқу шавқи баланд дошт ва ба туфайли ин чун шахси маърифатпарвару соҳибназар ба камол расид. Албатта, ягон муваффақият бетасодуф нест. Ҳар як комёбиву эҳтирому эъзози Нӯъмон Маҳмудов низ самараи рӯзҳои гузаштае мебошад, ки бо азобу уқубати зиндагӣ пайваста китоб хондааст. Медонист, ки китоб қулфкушои ҳама дарҳои муваффақият мебошад.
Рӯзе Нӯъмон Маҳмудови 31-сола ба адиби дӯстдоштаи худ Сотим Улуғзода мактуб менависад. Аз номаи ҷавони илмдӯст устод Улуғзода мутаассир мешавад ва ҷавобан мактуб навишта, аз ҳамон вақт иқтидору иродаи қавии Нӯъмони ҷавонро пай мебарад.
Эҳсоси меҳри Самарқанд, огоҳии комил ва дилбастагии хирадмандона ба таърих ва фарҳанги мардум ва тамаддуни гузаштаву имрӯзаи он, ифтихори таърихиву фарҳангӣ ва ватандорӣ ӯро ҳамчун шахси маърифатпарвар, ватандӯст ва қавиирода тарбият намуд. Вақте қайдҳои дафтари умр ва асарҳои илмиву публисистии Нӯъмон Маҳмудовро варақ мезанед, ба ин комилан иқрор мегардед.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар меҳмони баландмартабаю олиқадри ба Самарқанд омада ҳатман аз музейи «Афросиёб» дидан мекунад. Ташрифи ба қарибӣ кардаи Президенти Ҷумҳурияти Корея низ аз ҳамин ҷумла аст. Вале кам касон хабар доранд, ки дар оғози соли 1994 ин макон қариб қурбони вандализм – харобкунии ваҳшиёна шуда буд. Дар шафати музей бо қарори ҳокими шаҳри Самарқанд ярмарка ташкил карданӣ шуданд. Аҷибаш дар он буд, ки директори институти бостоншиносӣ ба он лоиҳа аллакай имзо гузоштааст.
Нӯъмон Маҳмудов бо мақсади аз таҷовузи баъзе амалдорони кӯтоҳандеш ва ходимони савдо ҳифз намудани замини «Афросиёб» ба лоиҳа имзо нагузошт.
Дар ин масъала мудири музейи «Афросиёб» Хуршед Муҳиддинов ҳамроҳи сардиректор Нӯъмон Усмонович ҷасорате нишон доданд. Ин масъала дар рӯзномаи «Халқ сӯзи» чоп шуд. (М. Муқимов «Фардо афсус нахӯрем» «Халқ сӯзи» 2-юми марти соли 1994). Ҳамин тавр, ташкили ярмарка боздошта шуд ва дар он ҷой кофтуковҳои археологӣ давом ёфтанд.
Н. Маҳмудов дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳар як масъала бо масъулияти тамом нигоҳ карда, кӯшиш намудааст, ки сарфи назар аз тазъиқу фишорҳои баъзе курсинишинон ва дигар ғавчӯбҳо онро ба таври принсипиалӣ дуруст ҳал намояд.
Мегӯянд, ки ҳамкорон чунин тарзи корро дар давоми фаъолияти бисёрсолаи самараноки ӯ борҳо мушоҳида кардаанд.
Чунин тарзи зиндагӣ, кор ва эҷод маҳсули таълиму тарбияи якрӯза, якмоҳа ё яксола нест. Он аз гаҳвора, аз аллаҳои модари меҳрубону муқаддас оғоз меёбад. Дарвоқеъ, Н. Маҳмудов баъди хатми мактаби рақами 22-юм дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таълим гирифтааст.
Рӯзгор омӯзгор аст, мегӯянд дар урфият. Қатраҳои пандҳои ҳаррўзаи зиндагӣ баҳре мешаванд. Фаъолияти меҳнатии Н. Маҳмудов аз омўзгори дар Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Соли 1974 омўзгори ҷавонро ба вазифаи роҳбари «Музейи таърихи ҷавонон»-и назди Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Ўзбекистон таклиф карданд. Вай дар ин ҷо то соли 1976 кор кард. Сипас дар кумитаи иҷроия ва ташкилоти ҳизбии ноҳияи Боғишамол, солҳои 1991-1992 дар Шўрои Ҳизби халқӣ-демократии Ўзбекистон дар шаҳри Самарқанд, солҳои 1992-1993 чун ҷонишини ҳокими ноҳияи Боғишамол доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолият пеш бурд.

Соли 1993 Н. Маҳмудовро сардиректори Музей-мамнўъгоҳи давлатии муштараки таърихӣ-меъморӣ ва бадеии Самарқанд таъин карданд. Вай дар вазъияти мураккаби ҳамон солҳо, ки муаммоҳои молиявиро ҳал намуда, корҳои васеи таъмирӣ ва нав кардани экспозитсияҳои маънан кўҳнашударо иҷро кардан лозим буд, ба яке аз ташкилотҳои калони маданӣ-маърифатии ҷумҳуриятӣ роҳбарӣ кард.
Соли 1994 барои сарвари ҷавон соли санҷиши ҷиддӣ шуд. Чунки он солро ба муносибати 600-солагӣ «Соли Мирзо Улуғбек» эълон карда буданд. Мувофиқи барномаи ҷашнӣ бинои музейи Мирзо Улуғбекро таъмир намуда, экспозитсияи нав офариданд. Чунин тадбирҳо дар фаъолияти Нӯъмон Усмонович кам на¬буданд. Ташкили Хона-музейи нависандаи тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ дар соли 1995, музейи Алишер Навоӣ дар соли 1996, Хона-музейи Саидризо Ализода дар соли 1998 ва таъмир ва ташкили экспозитсияи нави Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар соли 1998 аз ҷумлаи онҳост.
Ҳамин тавр, бо роҳбарии Нўъмон Усмонович ташкили намоишҳо ранги нав гирифтанд. Дар солҳои 1999-2009 беш аз 200 намоиш на танҳо дар диёрамон, балки дар хориҷа низ ташкил гардиданд.
Ғайр аз ин буклет, каталог, тақвим ва ғайрае, ки дар бораи ҳар як объекти таърихӣ маълумот медоданд ба дасти сайёҳон ва сокинони шаҳр расиданд. Вай дар ин корҳо ба сифати муаллиф низ фаъолият пеш бурд.
Баробари ҳамин, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии ба воқеа ва шахсҳои таърихӣ бахшидааш дар рўзнома ва маҷал¬лаҳои гуногуни вилоятӣ ва ҷумҳурӣ чоп шуданд.
Нӯъмон Усмонович чун яке аз муаллифони доимӣ ва ғамхори рӯзномаи «Овози Самарқанд» низ ҳамеша бо маслиҳату ёрии худ барои шавқовар ва ҷавобгӯйи замон шудани он ҳиссаи арзанда мегузорад.
Музей-мамнўъгоҳ дар солҳои 2000- 2009 бо сафоратхона ва ташкилотҳои ИМА, Франсия, Германия, Япония, Ҷумҳурияти Корея, Россия, Қазоқистон ва бо ташкилотҳои байналхалқие, ки дар Ўзбекистон фаъолият пеш мебурданд, як қатор лоиҳаҳоро амалӣ намуд.
Дар асоси базаи таҷрибаи пешқадами музей-мамнўхгоҳ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ конференсияҳои байналхалқӣ, семинарҳои илмӣ, семинар-тренингҳои ҷумҳуриятӣ гузаронданд.
Н. Маҳмудов ба тайёр намудани кадрҳо, аз ҷумла аз вакилони аҳолии маҳаллӣ эътибори калон медод. Дар натиҷа, дар соҳаи музейшиносӣ мутахассисони соҳибистеъдод ба воя расиданд. Ҳоло бисёр шогирдони Нўъмон Усмонович дар ин соҳа бомуваффақият фаъолият пеш бурда, ба қавле, анъана ва корҳои устоди худро идома медиҳанд. Вай дар ин вазифа 16 сол заҳмат кашид.
Шояд Нӯъмон Усмонович, ки фардо 70-сола мешавад, ҳамон солҳоро ба на¬зар гирифта чунин навиштааст:
Пурҷӯшу хурӯш гузашт ҷавонӣ,
Шуд аломати пирӣ намоён.
Панде гирифтам аз зиндагонӣ:
«Доим ҳамон бош, ки ҳастӣ ҳамон!»
Мо Нӯъмон Усмоновичро бо зодрӯз табрик намуда, барояшон аз даргоҳи Парвардигор тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва бахту саодат орзумандем.

Раҳим ҚАЮМОВ

Баҳодур РАҲМОНОВ

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: