Ҳабиб Юсуфӣ – таронасарои ватан

Ҳабиб Юсуфӣ – таронасарои ватан

Ҳабиб Юсуфӣ аз тавонотарин шоирони асри ХХ буд. Ҳафтоду як сол пеш, рӯзи 22-юми феврал, дар зимистони сарди соли 1945 дар хати пеши ҷанг аз тири фашистон ба ҳалокат расид.
Ҳабиб Юсуфӣ (Юсуфов Ҳабибулло) соли 1916 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи мударрис ба дунё омада, яке аз шоирони намоёни ҷавон ва тарҷумони соҳибистеъдоди тоҷик буд. Соли 1940 факултаи филологияи Университети давлатии Ӯзбекистонро хатм карда, чун ходими илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали Тоҷикистонии АУ Иттиҳоди Шӯравӣ ба фаъолият оғоз кард. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Соли 1943 омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм кард ва ӯро ба Ленинград фиристоданд. Ӯ дар озод кардани ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Лаҳистон иштирок кардааст.
Ҳабиб Юсуфӣ аввалин шеърҳои худро дар синни 17-солагӣ навишта, дар роҳи эҷод бошад, адиби шаҳид ҳамагӣ ҳашт сол қалам рондааст. Дар ин муддати хеле кӯтоҳ ӯ беш аз 150 шеър, 2 достону 8 мақола навиштааст, 12 достони адибони рус ва беш аз 200 шеърро тарҷума кардааст.
Офаридаҳои Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷиҳати мавзӯъ бой аст, вале Ватан аз муҳимта¬рин мавзӯъҳои эҷодиёти ӯ мебошад. Ӯ меҳри Ватанро аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар меҳисобид.
Ҳабиб Юсуфӣ боварии комил дошт, ки Ватанаш дар оянда қуллаҳои илми замонро фатҳ карда, комрон мешавад.

Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст ,
Ватан боғ ҳам бўстони ман аст.
Ҳабиб ЮСУФӢ

Юсуфӣ ошиқи зиндагии озодон.
Барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, ки ашъори чунин шоири бо истеъдод ва ҳимоятгари Ватан дили хонандагонро ба ваҷд меорад. Бинобар ин, омӯхтани таърихи эҷодиёти шоир диққати ҳар як шахси бошуурро ба худ ҷалб мекунад. Мақолаҳои илҳомбахши ин шоири соҳибистеъдоди самарқандӣ, шаҳиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба мавзӯъҳои қаҳрамонӣ, фидокорӣ, ҳимояи Ватан ва ҷоннисориҳо дар роҳи Ватан бахшида шудаанд.

Зи ишқи Ватан ҷўш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гўш дорад дилам .
Ҳабиб ЮСУФӢ

Шеъру достон ва мақолаҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, хонандаро ба ҳисси муҳаббат нисбат ба халқу Ватан даъват мекунад ва Ҳабиб Юсуфиро чун як нафар фидоко¬ри роҳи Ватан, муҳофиз ва таронасарои кишвари ба ҷону дил баробар ҷилвагар месозад. Баъди мутолиаи шеърҳо ва мақолаҳои ӯ хонанда илҳоми тоза ва фараҳи беандозае мегирад. Шоири ватандӯст тамоми меҳри худро ба Ватан тавассути иҷроки хосаи худ ифода кардааст. Ӯ меҳри Ватанро аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар медонист ва барои Ватан қурбон шуданро хушбахтӣ ҳисоб мекард. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ватандӯстии шоир бо меҳри нав зуҳур кардааст. Ӯ дар роҳи муҳофизати Ватан қаламро бо шамшер иваз кардааст, ки ин қаҳрамонии бемисл мебошад:
Вақти он аст, эй қалам,
буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан,
ғуррандатар гардӣ зи барқ.
Ин аст, ки шоир бо қаҳрамонӣ ва фидокориҳо то сарзамини Варшава расида, дар яке аз муҳорибаҳо, ҳама¬гӣ ду моҳ қабл аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 4-уми феврали соли 1945, дар сини 29-солагӣ ҷонашро дар роҳи Ватан нисор кардааст. Хизматҳои ҷангии Ҳабиб Юсуфӣ дар ғалаба бар фашизм ва озод кардани мамлакат аз истилогарони немис бо ордену медалҳои гуногун қадр шудаанд.
Шеърҳои аз дилу ҷон навиштаи шоир нотамом ва бисёр суханони мутаассири вай ногуфта монданд. Ҳабиб Юсуфӣ чун шоир ва ватандӯсти ҳаме¬шаҷавон барои ифодаи музаффариятҳои замон сарбаландона қадам зада, номи неки худро дар таърих боқӣ гузошт. Шахсияти ӯ ибрати ватандӯстиву мардонагӣ аст.

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем ,
Ватан ҳар чӣ гўяд, адо мекунем.

Ҳабиб ЮСУФӢ

Гулбаҳор ҲОМИДОВА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: