Шифоёбии беморон 80 фоиз ба ҳамшираҳо вобаста аст

Шифоёбии беморон 80 фоиз ба ҳамшираҳо вобаста аст

Аз соли 1971 ин ҷониб ҳар сол 12-уми май дар тамоми олам чун Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат пешвоз гирифта меша¬вад. Ин рӯз бо номи ҳамшираи тибби англис, ташкилдиҳанда, муассис ва асосгузори ин пеша Флоренс Найтингейл вобаста аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз таваллуд шудааст.
Ф. Найтингейл дар соли 1859 ба ин касб асос гузошта, дар китоби худ «Навиштаҳо оид ба тарзи нигоҳубин» мақсад ва нозукиҳои касбро муайян намудааст. Ӯ фарқи пешаи ҳамшираи тибро аз табиб муайян намуда, мегӯяд, ки фаъолияти ҳамшираи тиббӣ дониши хоса, таҷрибаро тақозо мекунад.
Мувофиқи маълумоти статистикӣ дар кишварҳои Ғарб ба ҳар ҳамшираи шафқат панҷ бемор рост меояд ва дар кишварҳои Шарқ ин адад ба бист нафар мерасад. Беш аз 80 фоизи заҳмату масъулияти муолиҷаи бемор бар ӯҳдаи ҳамшираҳои шафқат аст. Қисми асосии ҳамшираҳои шафқатро бонувон ташкил мекунанд.
Касби ҳамшираи тиббӣ яке аз инсондӯстортарин пешаҳо аст. Онҳо бояд хислат ва сифатҳои беҳтарини инсонӣ, чун ҳамдардию меҳрубонӣ, шафқату сабру тоқат, зиракию ҳушёрӣ, таваҷҷӯҳу раҳмдилӣ, саводнокӣ ва таҷрибаи зиёд соҳиб бошанд.
Дар табобати беморон ҳамшираи шафқат нақши муҳим бозида, иҷро кардани гуфторҳои духтур, нигоҳубини бемори вазнин, гузаронидани амалиёти зиёди мураккаб ва масъулиятнок маҳз дар зиммаи ӯ гузошта шудааст. Беҳуда нест, ки аз замонҳои қадим ҳамшираҳои тиббиро ҳамшираҳои шафқат меноманд. Ин унвон на фақат симои касбӣ, балки ҳамчунин симои ахлоқиву маънавии онҳоро ифода мекунад. Касби ҳамширагӣ аз қадим ифодагари шафқат ва хайрхоҳӣ буда, ҳамеша бо чунин фаҳмишҳо, мисли некӣ, сабру таҳаммули беохир, ҳунари нигоҳубини бемор алоқамандӣ дошт.
Ба андешаи экспертҳо шифоёбии бемор 80 фоиз аз кӯшишу амали ҳамшираҳои тиббӣ вобастагӣ дорад. Ин ҷавобгарии калонест, ки ба дӯши ҳамшираҳо масъулияти бузурги ахлоқиву тиббӣ, аз ҷумла, пайваста таҷрибаомӯзиро ва азхудкунии донишҳои навро мегузорад.

Аҳмадҷон БОБОҶОНОВ,
сардухтури иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: