Шаби адабӣ дар олами китоб

Шаби адабӣ дар олами китоб

Дар Маҷмӯи маънавӣ-маърифатии Олами китоби Самарқанд шаби адабӣ ба амал омад.
Дар он президенти ташкилоти байнал¬халқии адабии “KIBATEK”-и Туркия Сенгели Билги, витсе-президенти ташкилот Лейла Ишик, президенти ташкилоти бай¬налхалқии адабии “Pentasi B”-и Филиппин Эпитасио Тонгоҳан, нависанда ва ходими ассотсиатсияи байниқитъавии маданияти Ҳиндустон, ки дар Норвегия зиндагӣ ва эҷод мекунад Соломия Кароли, шоир, нависанда ва блогерҳои итолёвӣ Катерина Давинио, Клаудио Презиоси, сармуҳаррири рӯзномаҳои “Дӯстӣ” ва “Элчӣ”-и Тоҷикистон Тошмат Темиров, профессори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Зебунисо Сатторова, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳасан Ғойиб, мухбири рӯзномаи “Қазоқистони Ҷанубӣ” Майсара Сафарова, раисаи Иттиҳоди эҷодии “Чимкент”-и Қазоқистон Эркиной Султонова, хоҳари шоири шодравон Абдулло Орифов — Бибисора Орифова ва дигарон иштирок карданд.
Ба сухан баромадагон оиди аҳамияти мутолиаи китоб, робитаи адабӣ, тарҷумаи асарҳои бадеӣ ба забонҳои хориҷӣ, густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ва масъалаҳои дигар ҳарф заданд.
Шаби адабӣ пурмазмуну гуворо гузашт.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: