Обҳои минералии газнок дучори бемории саратон мекардаанд

Обҳои минералии газнок дучори бемории саратон мекардаанд

Олимони америкоӣ бо сарварии Марк Перей¬ра чанд сол оиди таъсири обҳои минералии газнок ба организм тадқиқот бур¬данд ва исбот намуданд, ки нӯшокиҳои газноки ширин гирифтори бемории саратон мекардаанд. На танҳо ши¬рин, балки оби минералии газнок низ одамро дучори саратони меъда мекардааст. Ҳатто моддаҳои барои организм фоиданоки дар таркиби оби минералӣ буда, аз таъсири газ хусусиятҳои худро гум мекардаанд. Вале, дарди илтиҳоби меъда (гастрит) ва ҷа¬роҳати меъдаро гази сунъӣ кам мекардааст. Бинобар ин, олимони америкоӣ ба одамоне, ки аз илтиҳоб ё ки ҷароҳати меъда ранҷ мекашанд, оби минералии газнокро якбора, ба одамони меъдаашон сиҳат бошад, саросема нашуда, як қултӣ нӯшиданро маслиҳат медиҳанд. Дар ин ҳол хавфи бемории саратон кам мешудааст

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: