Ҷилои андешаҳо

Ҷилои андешаҳо

Шоир, мунаққид ва публисисти немис Ҳенрих Ҳейне (1797-1856) дар тӯли солҳои эҷодиёти худ дар дафтарчаи қайдҳо фикру андешаҳои худро сабт мекард. Аз афкору афоризмҳои ӯ, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, мушоҳидаҳои нозук, ҷилои нави калимаву ибораҳо ва ҳозирҷавобии шоир бараъло намоён аст.
Хизматгороне, ки хӯҷаин надоранд, аз ин ҳолат одамо¬ни озод шуда наметавонанд – навкарӣ дар рӯҳи онҳост.
***
Доноён ифодаҳои навро фикр карда мебароранд, но¬донҳо онҳоро ба чор тараф паҳн мекунанд.
***
Мо харобаҳоро, то он даме, ки худ пиру фартут нагардем, фаҳмида намета¬вонем.
***
Одамони чунон тасаввур¬кунандае ҳастанд, ки тухмеро бинанд, гӯё он паррандаеро аниқ медонанд, вай аз дохи¬ли он тухм баромадааст.
***
Ба одами заҳрсоз пӯши¬дани дастпӯшакҳои шишагӣ лозим аст.
***
Ман китоби фачеро хон¬дам, ба болояш хобам бурд, хоб дидам, ки хонданро да¬вом дода истодаам, аз зиқӣ бедор шудам, ҳамин тавр ин ҳолат болои ҳам се маротиба такрор ёфт.
***
Аз ӯ фавворасон аҳмақӣ ҷӯшида мебаромад.
***
Ӯ дар бобати ҷоҳилӣ ба комёбии бештаре муваффақ гардида буд.
***
Накӯкорӣ аз зебоӣ беҳтар аст.
***
– Муҳаббат чист?
– Ин дарди дандони дил аст.
***
Чӣ қадаре, ки одам боло равад, ба вай тирҳои тамас¬хур осонтар рафта мерасанд: нишонрасӣ ба карлик – кал¬тақадҳо душвор аст.
***
Одами ба коре машғул¬набуда ҳеҷ гоҳ аз лаззати хушбахтӣ пурра қонеъ на¬мегардад. Дар чеҳраи одами бекор шумо ҳамеша нақши ноқаноатмандӣ ва беҳавса¬лагиро ёфта метавонед.

Тарҷума ва таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: