Даъват ба роҳи рост

Даъват ба роҳи рост

«Ҳаёти иборат аз тарс ва дурўғ аз марг ҳам бадтар аст. Чунки ҳаёт ба ҳар кас барои шодмонӣ ва лаззатбарӣ аз неъматҳои дунё дода меша¬вад» (аз «Авесто»), овардааст дар эпиграфи муқаддима ба китоби «Тазарру»-и худ адиб ва журналисти шинохта Фармон Тошев. Ин бесабаб нест. Чунки маҳз тарс ва дурўғ дар замони беисту бо¬шиддат тағйирёбанда ва ба воқеаҳо бой ҳаёти одамоне-ро, ки мехоҳанд имон ва ар¬зишҳои умумиинсониро пос дошта, зиндагӣ кунанд, то андозае мураккаб мекунад. Гузаштан аз имтиҳонҳои чу¬нин ҳаёти мураккаб санҷи¬шест барои ҳар як инсон. Ёфтани роҳи дурусту паси сар намудани ин санҷишҳо кори осон нест. «Аз ҳамин сабаб дар давоми асрҳо ва¬зифаи ба инсон нишон дода¬ни роҳи рост, доимо ба огоҳӣ даъват намудани ў бар зим¬маи адабиёт аст», – гуфтааст нависанда дар пешгуфтор ва ба ин нуқта ҳангоми эҷоди қисса, эссе ва ҳикояҳое, ки ба ин китоб дохил шудаанд, содиқ мондааст.
Ҳар як одам аввалин са¬бақҳои зиндагиро аз падару модар меомўзад. Бинобар ин, аз бузургони адабиёт сар карда, то навқаламон дар дил оиди эшон гуф¬таниҳои бисёре доранд ва ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки онҳоро чун адои қарзи фарзандӣ рўйи коғаз фароранд. Вале на-виштаҳои кам касон аз до¬ираи мутолиаи пайвандону наздикон берун баромада, сазовори таваҷҷўҳи хонан¬дагони умум мегарданд. Чунки навиштаҳои онҳо танҳо аз овардани хотирот, факту рақам ва таърифу тав¬сиф иборат нестанд. Онҳо хонандаро ба андеша водор мекунанд. Аз ҳикояву воқе¬аҳо хонанда хулоса мебаро¬рад, панде мегирад ва агар ақлу фаросат дошта бошад, аз пайи ислоҳи камбудӣ ва норасоиҳояш шуда, ба сўйи камолот майл мекунад.
Дар зер яке аз эссеҳои Фармон Тошевро меорем:
Ба ҳар ҳол ба инсон то дами вопасини ҳаёт имко¬нияти барқарор намудани мувозинат, ёфтани роҳи рост дода шудааст. Рӯзгор омӯзгор аст, фармудаанд бузургон. Кош ҳамаи мо ба ин ақида риоя карда, умр ба сар мебурдем…

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: