Ҳафтаи  мустаҳкамсозии оилаҳо

Ҳафтаи мустаҳкамсозии оилаҳо

Рӯзҳои 13-19-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Садорати вилоятии Маркази тадқиқотии илмӣ-­амалии «Оила» ва ҳамкории ташкилотҳои мутасаддӣ дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамоатӣ ҳафтаи мустаҳкамсозии оилаҳо гузаронида мешавад.
Дар доираи ҳафта ташкили рӯзҳои саводнокии ҳуқуқӣ, саломатӣ, арзишҳои миллӣ, китобхонии оилавӣ, ривоҷдиҳии тадбиркории оилавӣ ва ғайра дар назар аст.
– Мо аз таҳти дил ҳаракат дорем, то дар чорабиниҳо ҳар як аъзои оила фаъолона иштирок кунанд, – мегӯяд сарвари Марказ З. Шодиева. – Дар ҷойҳо озмуни «Оилаи ибратнок»-ро гузаронида, ғолибонро муайян намудем. Байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ дар мавзӯи «Оила – узви асосии ҷамъият» вохӯрӣ ва марафонҳо ташкил кардем.
Инчунин, бо шунавандагони «Мактаби инноватсионии домоду арӯсон» гузаронидани вохӯриҳо, дар марказҳои миллӣ ташкил намудани барномаҳои консертиро ба нақша гирифтаем.
Ғайр аз ин, рӯзи 21-уми май дар шаҳри Самарқанд зери мавзӯи
«Масъалаҳои муҳими ташаккули оилаи намунавии замонавӣ дар Ӯзбекистон» ташкили семинар пешбинӣ шудааст.


Дар факултети ҷуғрофия ва экологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба муносибати Рӯзи байналхалқии оила зери ҳамкории ташкилоти ибтидоии зану духтарон ва Иттифоқи ҷавонони донишгоҳ дар мавзӯи «Оилаи мустаҳкам – асоси ҷамъият» тадбир барпо гардид.
Дар тадбир сарвари Садорати вилоятии Маркази тадқиқотии илмӣ-­амалии «Оила» З. Шодиева, ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд, раиси кумитаи зану духтарони шаҳр З. Раҳмонова, раиси ташкилоти ибтидоии зану духтарони донишгоҳ, дотсент Ш. Тухлиева ва дигарон оиди муаммоҳои оилавӣ, роҳҳои бартарафсозии онҳо, мустаҳкамсозии оилаҳо сухан карда, ба ҷавонон маслиҳату тавсияҳои худро баён намуданд.


Мухбири худамон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: