Ғолибони зинаи шаҳрии «Ташаббус» муайян шуданд

Ғолибони зинаи шаҳрии «Ташаббус» муайян шуданд

Дар майдони Театри драмаву мусиқии вилоят зинаи шаҳрии озмун-­азназаргузаронии «Ташаббус‑2019» барои тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар он қариб 90 нафар тадбиркору ҳунарманд бо маҳсулот ва хизматҳои худ иштирок карданд.
Иштирокчиёни озмун аз тарафи ҳайати доварон дар асоси мезонҳои фаъолият, салоҳияти истеҳсолот хизматрасонӣ ва ҳолати иқтисодӣ баҳогузорӣ гардида, номзадҳои муносиб ғолиб гардиданд ва ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар равияи «Тадбиркори беҳтарини сол дар соҳаи саноат» директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Samarqand YevroAziya tekstil» – Аслиддин Салоҳиддинов, дар равияи «Тадбиркори ҷавони беҳтарини сол» роҳбари корхонаи оилавии «Amonov mebel tekstil» – Шаҳрам Амонов, дар равияи «Тадбиркори беҳтарини сол дар соҳаи хизматрасонӣ» директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «INNOVA VRSUS Medical» – Шерзод Муҳиддинов, дар равияи «Ҳунарманди беҳтарини сол» тадбиркори тартиби якка – Савлат Раҳмонов­ро ғолиб донистанд.
Ғайр аз ин дар як қатор номинатсияҳои иловагӣ ғолибон муайян ва аз тарафи ташкилотчиён рағбатнок кунонида шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки зинаи ҳудудии озмун то 15-уми май ба охир расида зинаи вилоятӣ 8-уми июни соли ҷорӣ дар Боғи истироҳатии ба номи Алишери Навоии шаҳр гузаронида мешавад.

Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: