Меморандуми ҳамкорӣ дар байни мактабҳои таълими олӣ

Меморандуми ҳамкорӣ дар байни мактабҳои таълими олӣ

Дар намоиши илмӣ-­маърифатие, ки ба муносибати «Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон» дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, тақдимоти 45-то муассисаи таълими олии ин мамлакат аз рӯйи самт ва ихтисосҳо гузаронда шуданд.
Дар анҷоми намоиши дурӯза, ки Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, сафоратхонаи Қазоқистон дар Ӯзбекис­тон ва ҳокимияти вилоят дар ҳамкорӣ ташкил карданд, дар байни муассисаҳои таълими олии Самарқанд ва Қазокистон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар тақдимоте, ки ду сол инҷониб гузаронда мешавад, ин дафъа беш аз пешина чавонону духтарон иштирок намуда, дар бораи мактабҳои олии Қазоқистон маълумот гирифтанд.
– Сол аз сол мустаҳкам шудани муносибатҳои байни ду давлатро аз робитаҳои дӯстонае, ки дар соҳаи таълими олӣ ба роҳ монда мешаванд, низ дидан мумкин аст, – гуфт ҷонишини сафири Қазоқистон дар Ӯзбекистон доир ба масъалаҳои таълим Клара Содирбоева. – Соли гузаш­та дар Қазоқистон соли Ӯзбекистон эълон шуда буд. Бинобар ин бисёр довталабони ӯзбекистонӣ хоҳиши дар Қазоқистон таълим гирифтанро карда буданд. Азбаски дар байни ҷавонон чунин рағбат зиёд мешавад, байни муассисаҳои олии мамлакатҳоямон созишҳои байни ҳамро ташкил мекунем.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов иштирок кард.


Мухбири рӯзнома.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: