Раиси нав интихоб шуд

Раиси нав интихоб шуд

Ҳоло дар тамоми маҳаллаҳои вилоятамон ҷамъомадҳои интихоби раисони маҳаллаҳо баргузор мегарданд.
Чунин ҷамъомад бо иштироки 12 фоизи аҳолии маҳаллаи Рустами ноҳияи Самаврқанд шуда гузашт. Аз 3 нафар номзад собиқадори меҳнат, собиқ корманди идораи корҳои дохилӣ, яке аз фаъолони маҳалла Суннатилло Аминҷонов раиси нави маҳалла интихоб гардид. Ба ӯ 75 фоизи интихобкунандагон овоз доданд.
Дар маҳаллаи мазкур беш аз 6100 нафар аҳлона зиндагонӣ доранд. Назди раиси нав ва фаъолони маҳалла ҳал намудани якчанд масъалаи муҳим, аз ҷумла, барои бехавфии ҳаракати роҳ дар чорроҳаи маркази маҳалла гузоштани светофор, асфалтпӯшкунии роҳҳои дохилӣ, дар даромадгоҳи маҳалла бунёди дарвозаҳои даромад ва ғайра меистанд. Ихчам ва камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳои ма+рдум низ бояд ҳамеша дар мадди назар бошад.
Мардуми маҳалла ба раиси нав дар иҷро ва ҳалли муаммоҳо ҳамаҷониба дастгирӣ карданро изҳор намуданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: