Беҳтарин филологҳо муайян гардиданд

Беҳтарин филологҳо муайян гардиданд

Дар мактаби таълими умумии рақами 14-и шаҳри Самарқанд аз фанни забони модарӣ ва адабиёт зинаи вилоятии озмуни «Беҳтарин омӯзгори фаннии сол» гузаронида шуд.
Баромади иштирокдорон аз тарафи профессор-­устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Маркази ҳудудии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони таълими халқи вилоят ва омӯзгорони фаннии пешқадам баҳогузорӣ гардид.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ вакили шаҳри Каттақӯрғон Маҳлиё Ҷабборова ҷойи якумро ба даст овард ва ҳуқуқи иштирокро дар зинаи ҷумҳуриявӣ соҳиб шуд. Ҷойи дуввум ба намояндаи ноҳияи Оқдарё Юлдуз Нарзуллоева ва ҷойи сеюм ба омӯзгори фанни забони модарӣ ва адабиёти ноҳияи Каттақӯрғон Нигора Бӯронова насиб гашт.
Ғолиб ва иштирокдорони фаъол бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: