Ӯзбекистон – хонаи  умеди мост!

Ӯзбекистон – хонаи умеди мост!

Рӯзҳои 13-14-уми май дар Маркази ҷавонони Самарқанд зери шиори «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» фестивали анъанавии фарҳангӣ ва дӯстӣ гузаронида шуд.
Тадбир бо мақсади ошно намудани ҷавонон аз таърихи миллату халқиятҳои гуногун, эҷодиёти даҳонакӣ ва ҷиҳатҳои ба худ хоси маданияти халқҳое, ки дар мамлакатамон умр ба сар мебаранд, пурзӯрсозии шуури миллӣ ва позитсияи шаҳрвандии насли наврас ташкил гардида, нахуст ҳозирин дар намоишгоҳи расмҳо иштирок карданд.

Сипас, дар мавзӯи «Саҳм ва ҷойгоҳи Стратегияи ҳаракатҳо дар мустаҳкамсозии тинҷиву осоиштагии байни миллатҳо ва конфессияҳо» сӯҳбати гирди мизи мудаввар барпо гашт.
Сарвари шӯъбаи Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирон А. Ҳусейнов, раиси Иттиҳодияи эҷодии «Тасвирий ойина» И. Латифов, ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов ва дигарон оиди корҳое, ки бобати таъмини устувории иҷтимоӣ ва тинҷиву осоиштагӣ, фарохдилии динӣ ва ҳамҷиҳатии миллӣ, мустаҳкаҳкамсозии муҳити меҳру оқибат дар кишварамон амалӣ мегарданд, сухан карданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар Самарқанд намояндагони беш аз сад миллату қавмҳо осоишта зиндагӣ намуда, барои рушди кишвар ба таври муносиб саҳмгузорӣ менамоянд. 11 маркази милливу маданӣ бо мақсади посдош­ти забон, гиромидошти арзишҳо, таъмини ҳамҷиҳатии миллӣ босамар кор мебаранд.
– Тоҷикону ӯзбекон тӯли асрҳост, ки чун ду халқи дӯсту бародар дар як минтақа зиндагиву фаъолият доранд, – иброз дошт раиси Маркази милливу мадании тоҷикони Самарқанд Акбар Маҳмудов. – Монандии зиёди динию фарҳангӣ ва робитаи илмиву адабӣ дар байни ин ду миллат асрҳо боз ҷараён дошта, ин омилҳо имрӯз низ дӯстиву бародарии халқҳоро мустаҳкамтар менамоянд. Ӯзбекистон хонаи орзуву умедҳои мост, ки дар ин кишвари биҳиштмонанд барои таълиму тадрис, кору фаъолияти тоҷикзабонон шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Ташкили чунин чорабиниҳо бошад баҳри боз ҳам қавитар гардидани муносибатҳои байни халқҳо хизмат мекунад.
Дар доираи фестивал дар шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияи Ургут чорабиниҳо, вохӯрӣ бо намояндагони миллатҳои гуногун, шомҳои адабиву бадеӣ гузаронида шуданд.
Дирӯз дар доираи фестивал дар Маркази ҷавонони шаҳр барномаи консертӣ ба амал омад.
Дар он аз тарафи санъаткорони шинохтаи вилоятамон ва ҷамоаҳои бадеӣ-фолклории марказҳои милливу маданӣ таронаҳои дилкаш дар васфи Ватан, дӯстиву рафоқат, ҳамҷиҳатӣ суруда шуд.
Инчунин, ҷамоаҳои марказҳои милливу мадании вилоят, ки дар зинаи вилоятии фестивал иштирок карданд, аз рӯйи номинатсияҳои гуногун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

С.РАҲМОНБЕРДИЕВА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: