Аҳамияти китобҳои дастнавис дар роҳи таълиму тарбия

Аҳамияти китобҳои дастнавис дар роҳи таълиму тарбия

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои пурмаҳсул ва бо истифода аз техно¬логияҳои замонавӣ ва инноватсияҳо амалӣ намудани таълим, дар баробари адабиёти дарсии аз ҷониби олимону мутахассисони ватанию хориҷӣ омодагардида, инчунин, аз сарчашмаҳои қадимию таърихӣ низ фаровон истифода бурда мешавад. Дар ин кор ба про¬фессорону омўзгорони мо хазинаи пурғано-вати маънавӣ – дастнависҳое, ки дар Шўъбаи дастхатҳои Китобхонаи илмии ба номи Абду-раҳмони Ҷомии донишгоҳ мавҷуд мебошад, ёрии калон мерасонанд. Дар таълими до¬нишҷўёни факултетҳои филология, матема¬тика, педагогика, таълими меҳнат, таълими ибтидоӣ ва таърих аз фанҳои забонҳои Шарқ – арабию форсӣ, инчунин омўзиши матнҳои классикӣ аз он истифода мегардад.
Шўъба соли 1959 ташкил шуда, аз соли 1967 инҷониб ба сифати бахши алоҳидаи китобхона фаъолият дорад. Он имрўз ба муассисаи илмие табдил ёфта, дорои 12 ҳа¬зор нусха китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ мебошад ва на танҳо дар Ҷумҳурияти Ўз¬бекистон, балки берун аз он ҳам шинохта шудааст. Китобҳо бо забонҳои арабӣ, фор¬сӣ ва туркӣ навишта шудаанд. Қадимтарин маъхази он ба асри XIV тааллуқ дошта, асари Разиуддин Абулфазл ал-Ҳусайн бин Муҳам¬мад бин ал-Ҳусайн ас-Сағонӣ мебошад, ки ба забони арабӣ таълиф гардидааст. Асар такмили луғати машҳури Ҷавҳарӣ ном оли¬ми араб буда, муаллиф санаи таълифи онро 14-уми моҳи рамазони соли 706 ҳиҷрӣ гуфта¬аст, ки ба моҳи марти соли 1307 мелодӣ рост меояд. Навтарин дастхати он асари Муродии Каттақўрғонӣ мебошад ва дар солҳои 30-50- уми асри ХХ таълиф гардидааст.
Бо мақсади бомазмун гузаронидани дарсҳо дар равияҳои бакалавриат ва маги¬стратура истифода аз маводи дастнависи шўъба кўмаки зиёд мерасонад. Аз ҷумла, дар дарсҳои донишҷўёни факултети мате¬матика, ки аз фанни забони хориҷӣ таълим мегиранд, истифода аз дастнавис, ки аз як¬чанд рисола иборат буда, дар шўъбаи даст¬нависҳо нигаҳдорӣ мешавад, натиҷаи хуб дод. Он дар шакли маҷмўа тартиб дода шуда, аз 296 варақ иборат аст. Яке аз рисолаҳо, ки доир ба таърихи математика дар охири асри XVIII – аввали асри XIX дар водии Зарафшон маълумоти аҷиб медиҳад, ба Ҷалолуддини Хатирчигӣ ибни Ниёз Муҳаммад дахл дорад.
Асари дигари маҷмўа «Рисолаи мухтасари ҳисоб» мебошад, ки шояд аз тарафи Ҷало¬луддини Хатирчигӣ навишта шудааст ва ба устоди ў Мирзо Муҳаммад Шариф Махдум тааллуқ дорад. Дар он оид ба арифметикаи назарӣ чанд маълумоти мухтасар оварда шуда, сипас аз хусуси тақсимоти мерос дар байни ворисон сухан меравад ва «Ҳисоб ва машқи фароиз» ном дорад.
Ҳар ду рисола ба таври омехта бо за¬бонҳои арабӣ ва тоҷикӣ бо хатти настаъ¬лиқ навишта шудаанд. Рисолаи якум аз 7 фасл иборат буда, фасли аввал дар бораи рақамҳои ҳиндӣ, фасли дуюм дар бораи ҳисоби ҷумал, ё худ абҷад, фасли сеюм дар бораи зарби ададҳо, фасли чорум дар бораи баробариҳо, панҷум дар бораи масъалаҳои математикӣ, шашум оид ба каср, ҳафтум дар пайдо кардани махраҷи муштарак сухан ме¬ронад.
Дар охири рисола соли навишта шудани он – моҳи шавволи соли 1245 оварда шудааст, ки ба март-апрели соли 1830 мелодӣ рост ме¬ояд.
Баробари ин, дар дарсҳои факултети таърих аз маълу¬моти ҷолиби асари «Таърихи Сайид Роқими Самарқандӣ» васеъ истифода бурда меша¬вад. Чунончи, дар он оиди зикри таваллуди Соҳибқи-рон Амир Темур, зикри ва¬фоти Амир Сайид Неъма¬туллоҳи Кирмонӣ, таърихи вафоти Мирзо Бойсунғур, зикри вафоти Шоҳ Қоси¬ми Анвор, таърихи вафоти Хоҷа Исматуллоҳи Бухорӣ, зикри таваллуди Мирзо Улуғбек ва таърихи бинои мадраса ва дигар воқеот то замони вафот, таърихи вафо¬ти Мавлоно Шарафуддин Алии Яздӣ барин маълумоти муфид оварда шудааст. Масалан, дар китоб оиди бунёди мадрасаи Улуғбек муаллиф менависад: «Ва дар таърихи сама¬нин ва ишрин ва самания миа (соли 828-уми ҳиҷрӣ) Улуғбек Мирзо дар Самарқанд имо¬рати мадраса бино фармуд». Дар таърифи он бино байти зерин оварда шудааст:
Чу Арш пойи мақоме, ки дар тамошояш ,
Ба нимароҳ бимонад назар тамом аз кор.

Баъд таърихи сохта шудани мадраса ҳазо¬ру саду сездаҳи ҳиҷрӣ қайд гардидааст. Дар бунёди расадхона низ муаллиф овардааст: «Гўянд, аввал шурўъ, ки дар иморати расад кард, ба имдоди алломаи марҳум Қозизо¬даи Румӣ ва Мавлоно олими ваҳид Ғиёсуд¬дин Ҷамшед ва ҷомеъи калимоти инсонии Мавлоно Муъини Кошонӣ ва Мавлоно Са¬лоҳиддин амал менамуд». Сипас, оиди бунёди расадхона гуфта шудааст: «Ва Улуғбек Мирзо дар таърихи иҳда ва арбаъина ва самания миа (соли 841-уми ҳиҷрӣ) вазъи аҳкоми зич кард». Китоб соли 1275 ҳиҷрӣ иншо шудааст.
Мувофиқи талаботи замон, бо истифодаи чунин маводи қадимиву таърихӣ гузарони¬дани дарсҳо ба дарсазхудкунии донишҷўён ва инкишофи ҷаҳонбинии онҳо кӯмак мера¬сонад. Барои ин, омода намудани мутахас¬сисони донандаи забонҳои арабӣ ва форсӣ муҳим буда, дар донишгоҳ ба ин масъала аҳамияти калон дода шудааст.

Фозил ШУКУРЗОДА, Муҳаммад БУЗРУКОВ, устодони ДДС

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: