ГУЛИ САРИ ҚАБР                                       (Очерк)

ГУЛИ САРИ ҚАБР (Очерк)

Ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ғалаба – 8 май хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамсангару ҳамдеҳагон мавлудии ҷанговари байналмилал, соҳиби ордени «Ситораи сурх», шодравон Адаш Турсуновро ҷашн мегиранд. Дар сари қабраш ва зери муҷассамааш гулҳои тару тоза мегузоранд. Агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, 52 сола мешуд…
Адаш Турсуновро ба хизмати ҳарбӣ даъват кар¬данд. Айёми хазонрезӣ мардуми деҳаи Чоршанбе ва наздикон Адашро дар вокзали роҳи оҳани Са¬марқанд ба хизмати Ватан гуселониданд. Вай бо ошноҳои нави худ – Умар Аҳмадҷонов, Абдурафиқ Бобохонов ва дигарон ба поезд баромад. Қатора ба роҳ даромаду анбӯҳи хешу табор, ёру дӯстон дар қафо монданд. Насиҳату таъиноти онҳо, суханони дилбардори додарону амакҳо пайваста дар гӯши вай садо медод. Аммо чашмони пуроби модари муштипар, чеҳраи ғамангезу изтиробноки падари бузургвор аз назари ӯ дур намешуданд. Вай аз тирезачаи вагон даст афшонда хайру хуш кард.

ОБУТОБЁБӢ

Адаш чӣ хел се моҳи хизмат гузаштанашро нафаҳмида монд. Рӯзе навбатдор хабар дод, ки барои аёдати ӯ бародаронаш Холмуроду Ӯлмас, янгааш Мубарро ва ҷиянчааш Шавкатҷони шаш¬сола омаданд. Командир ба рухсатӣ иҷозат дод. Онҳо се рӯз ҳамроҳ шаҳри Тажани Туркманистон¬ро сайр карданд.
Баъди шаш моҳ Адаш бо рутбаи сержанти хурд ба Афғонистон рафт. Аввал дар ин бора ба назди-конаш хабар надод. Аммо аз суроғаи қисми ҳар¬бии мактубҳо ғайри модараш ҳама медонистанд, ки он почтаи саҳроӣ – берун аз хоки Ватан аст.
Адаш зуд бо ҳамяроқони нав дӯстӣ пайдо кар¬да, ҳамроҳ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок ме-намуд. Барои вай ба ҳамсангарон рӯзҳои вазнин ҳам буданду лаҳзаҳои сабук ҳам. Аммо, ҳеҷ кас аз душвориҳо наменолид.
Адаш Турсунов ҷавони чаққону бебок, зираку рамузфаҳм буд. Вай дӯсту душманро зуд фарқ мекард. Рӯзе, аз назди қисми ҳарбӣ пирамар¬де харакӣ чолокона, бо чашмони беҷову нигоҳи эҳтиёткорона гузашт. Ин ҳол рӯзи дигар ҳам та¬крор ёфт.
– Ин шахс ҷосусӣ мекунад, – ба командираш гуфт Адаш. – Иҷозат фармоед хӯрҷини ӯро аз на¬зар гузаронем.
– Гумон одамро аз имон ҷудо мекунад, – ҷавоб дод командир. – Оё шубҳаи мо дар дили ӯ сахт намерасад? Мо бояд бо мардуми таҳҷоӣ риштаи дӯстӣ бандем.
– Рафиқ командир, – қатъӣ ба фикраш истод Адаш, – нигоҳаш, ҳаракаташ шубҳаовар аст. – Мо тоҷикон «эҳтиёт – ними ҳаёт» мегӯем.
Командир лаҳзае сукут варзид ва тасдиқомез сар ҷунбонд. Дар ҳақиқат, баъди санҷиш маълум гашт, ки он марди кӯҳистонӣ пирамарди фартут набуда, бо ришу бурути сохта дар хӯрҷин аслиҳа ва аз болояш ҳезум мекашондааст.
Командири қисм барои зиракию чолокӣ Адаш Турсуновро бо Ифтихорнома тақдир намуд. Бояд гуфт, ки ин гуна қаҳрамониҳоро ӯ чанд маротиба нишон додааст.

ШАБИ ХУНИН

3-юми декабри соли 1987 дар шаҳри Бағлон хизмат идома меёфт. Адаш ва 22 нафар ҳамяроқо¬наш истироҳат мекарданд. Поси шаб бошад ҳам Адашро хоб набурд. Вай дар банди хаёлот гоҳ ба чап гоҳ ба рост паҳлӯ мегашт. Ғанаб мекарду мурғи хаёлот дар зодгоҳаш – деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд парвоз менамуд. Пеши назараш падару модар, хоҳару бародарон, ҷиянҳои шӯхи беқарор намудор мегаштанд. Ғанаб кард. Ба нохост ҷӯйи чуқури назди дари кӯчаи ҳавлиашон намудор гашт. Вай хост, ки бо як ҷаҳише аз ҷӯй гузарад, аммо сарнишеб афтид. Адаш як қад парида аз ҷояш хест. «Ин хоб бошад ё хаёл?» фикр мекард вай. Дигар хоб карда натавонист ва ба берун ба¬ромад. Атроф сокину ором буд. Аҳён-аҳён ба гӯш аккоси саг мерасид. Адаш гирду атрофи бинои хобгоҳро давр мезад, ки ногоҳ ба назараш чанд суроб намудор гашт. «Посбонҳо ба куҷо бошанд?» – аз дил гузаронид вай. – Эҳтимол ҷосусҳо пайдо шудаанд».
– Ҳой, шумо кистед? – овоз баровард Адаш.
Ба ҷойи ҷавоб садои тир ба атроф танинан¬доз гашт. Ҷанговари самарқандӣ худро ба замин партофта синамол худро ба даруни хона гирифт. Аллакай аз садои тир ҳамяроқонаш ба по хеста буданд. Адаш автоматро гирифта боз худро ба берун зад. Байни душманону аскарони шӯравӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Адаш душманро ба нишон гирифта тир холӣ кард ва ногоҳ «оҳ» гуён ба замин афтод. Тирҳо аз ду тараф мисли борон, аз худ думи оташнок гузошта мепариданд. Сипас, маълум гашт, ки ифротиён нияти аскарони моро несту нобуд кардан доштаанд. Аммо, ҳушёрии Адаш Турсунов сабаб шуду онҳо ба мақсад нара¬сиданд. Саҳеҳтараш, тирашон хок хӯрд. Атрофи сокиту оромро овози ҷонгудози Адаш Турсунов халалдор мекард. Вай дар замин рӯйболо хобида, даст болои сина дошту хун аз байни панҷаҳояш мешорид. Вақте ки ӯро ба хона дароварда, ба бо¬лои кат гузоштанд, дилаш аз таппиш бозмонд. Лабонаш хаёле моили табассум, чашмонаш ним¬пӯш буданд…

ХОБИ МУДҲИШ

Қиблагоҳаш Бурҳонамакро он шаб хоб набурд. Саҳар ғанабаш бурдааст, ки писарашро дар хоб дид. Вай дар либоси ҳарири нав пайдо гашта, салом ҳам надоду ба аспи саманди безин савор шуда аз назар ғоиб гашт.
Бурҳонамак як қад парида хест. Вай паре¬шонҳол ба назди чашма рафта хобашро ба об гуфта, рӯяшро шуст ва чашм ба кӯҳу тали Илонсой дӯхт. Акнун чашми рӯз мекафид.
Файзи бомдод аслан касро хушҳолтар ме¬кунад, аммо вай парешонхотир буд. Вай подаро берун бароварда чарониданӣ шуд. Аммо, ҳамон хоби мудҳиш хотирашро мушавваш менамуд. Он рӯз то бегоҳирӯзӣ парешонҳолу пакар буд. Ба хотираш расид, ки ҳамсараш бо аҳли оила расм гирифта, ба Адаш фиристоданро таъин карда буд. «Пагоҳ ҳатман ҳамаро ҷамъ карда, якҷоя акс мегирем», – аз дил гузаронид ӯ. Чашми писарам ба хат интизор аст. Бо ин хаёлҳо рӯзро кӯр кард.
МЕҲМОНИ НОХОНДА

Назокатхола нав сар ба болин монда буд, ки дарвоза тақ-тақ шуд. «Дар ин бевақтии шаб, кӣ бошад?» – фикр кард соҳибхона. – Падари бачаҳо аз кӯҳ омада бошанд, ё каси дигар.
Ӯ ба берун баромада амини маҳалла Азизбобо ва ду шахси ношиносро дида ҳайрон монд.
– Янга, – забон хоида пурсид Азизбобо, – ако Бурҳон дар хона?
– Не, дар кӯҳ, – бо тааҷҷуб гуфт вай. – Эҳтимол пагоҳ оянд.
Азизбобо ба дарёи андеша ғӯта зад. Вай ба ҳамроҳонаш маънидорона, суоломез нигарист.
– Муллоака, агар ягон хизмат бошад, фармо¬ед, – гуфт Назокатхола. – Бачаҳо ба он кас мера-сонанд.
– Хизмат не-куя, – гапашро қариб гум кард ӯ. – Худи ако Бурҳонро диданамон даркор буд. Набошад, додараш Давлатро як бинем.
Меҳмонон ба дарвозаи шафат гузаштанд, ки дар он ҷо додари Бурҳонако истиқомат дошт.
Лаҳзае нагузашта Давлатамак дар назди дар пайдо гашт. Вай бо меҳмонон самимона вохӯрӣ карда, ба хона таклиф намуд.
– Бародар, дунё бевафо будааст, – аз дур гап сар кард Азизбобо. – Писари Бурҳон аҷоиб йигит буд, аз вай мӯрча ҳам озор намедид. Инҳо аз қисми ҳарбӣ, ҷасадашро овардаанд…
Назокатхола, ки дари кӯчаро қулф мекард, ин гапҳоро шунида гӯшҳояш якбора қулф заду аз ҳуш рафт.
Бо кӯмаки табибон ба ҳуш омада дид, ки дар ҳавлӣ доду фиғони ҳозирон ба фалак мепечад. Ӯ наҳвакунон худро ба болои ҷасади писари 19 солааш партофт ва ва он шаб то субҳи содиқ оби дида рехт. Гоҳ ба худ буду гоҳ бехуд.
Сипас, бо расму русуми мусулмонӣ ҷасади Адаш Турсуновро бо қалби сӯзону бирён дар қа-бристони Чоршанбе ба хок супурданд.
ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

Замоне аз оғози соли хониш дар вақти ҷамъ¬омади пешоҳангони мактаби таълими умумии рақами 34-ум овози сардори отряди синфи чорум ҷарангос мезад.
– Гурӯҳи ҷавонони ба номи Адаш Турсунов дар ҷамъомади имрӯза бо иштироки ҳама тайёр аст. Ҷанговари байналмилал, аскари ҷасур ҳангоми адои вазифаи байналмилалӣ дар ҷумҳурии Афғо-нистон қаҳрамонона ҳалок гардид.
Як гӯшаи мактабро лавҳаи ёдгорӣ, ки акс ва дигар ҳуҷҷатҳои Адаш Турсунов буданд, зеб медод. Дар он ҷо мактуби командири баталони шаҳиди диёри афғон майор Э. В. Юхно буд, ки вай чунин навиштааст:
«Мӯҳтарам, Бурҳонако!
Писари шумо Адаш баъди хатми қисми омӯ¬зишгоҳи махсус барои давоми хизмати ҳарбӣ ба Афғонистон омад. Тақдир ӯро бо баталони мо пайваст. Вай бо хислатҳои некаш ба зудӣ соҳиби ҳурмати ҳозирон гашт. Дар муддати кӯтоҳ му¬тахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ шуд. Яроқ ва аслиҳаҳое, ки дар ихтиёраш буд, истифода¬барии онҳоро ба дараҷаи аъло медонист. Барои сидқидилона иҷро намудани супориш аз тарафи командирҳо якчанд маротиба ташаккурномаҳо гирифтааст.
Вай дар ҷанги шадид қаҳрамонона ҳалок гашт. Аммо ҷасорати ӯ дар саҳифаҳои ҷанговарони қисми ҳарбии мо солҳои сол хоҳад монд».
Инчунин, дигарон низ дар бораи Адаш Тур¬сунов хотираҳои неки худро навиштаанд. Ҳам-деҳагонаш бошад кӯчаи марказиро ба номи ӯ гузоштанд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло бо баъзе сабабҳо гӯшаи хотира нест.
ҚАҲРАМОНӢ ҶОВИДОНИСТ

Мардуми қадршиносу сипосузори деҳаи Чоршанбе бо дастгирии собиқ ҳокими ноҳияи Самарқанд Раҳима Ҳакимова (ҷояш дар ҷаннат шавад!) дар назди ҳавлии ӯ муҷассамаашро гу-зоштанд. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қа¬дршиносӣ зери пояи он аз гулҳои тару тоза пур мешавад.
Ҳа, марг ҳамеша думболгири инсон аст. Кас намедонад, кай ва дар куҷо, чӣ хел ва дар чӣ ҳол ҷон ба ҷонофарин месупорад. Адаш Турсунов дар Афғонистон дар бистсолагӣ шаҳид шуд.
Аммо қаҳрамонӣ ва ҷасорати ӯ ҷовидон аст…

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: