КИТОБИ НАВ                                                 Саҳифае дар темуршиносӣ

КИТОБИ НАВ Саҳифае дар темуршиносӣ

Маълум ки дар мамлакатамон зиёда аз панҷсад муаллиф дар бораи Соҳибқирон китоб навиштаанд. Аммо дар баъзеи ин асарҳо дар хусуси Амир Темури бузург гоҳо суханони беасос ва тасаввуроти рӯякӣ ба назар мерасанд.
Аз таърих маълум ки фақат панҷ нафар муаллиф манбаъҳои аниқро таҳлил намуда, бо чашмони худ аз назар гузаронида, бо шахсони дар хизмати ӯ буда ҳамсӯҳбат шуда на¬виштаанд. Инҳо Шаҳобуддин Аҳмад ибн Муҳаммад, ки бо номи Ибни Арабшоҳ машҳур аст, Руи Гонсалес де Клавихо, сафири Испания, муаллифи асари «Рӯзномаи ғазавоти Ҳиндустон» Ғиёсиддин Алӣ, муаллифи асари «Зафарнома» Низомиддини Шомӣ ва гурӯҳи панҷум Шоҳрух Мирзо, Иброҳим Султон ва ниҳоят, на¬висанда ва муаррих Шарафуддин Алии Яздӣ мебошанд.
Китоби «Ҳақиқатҳои ноёб дар бораи Амир Темур», ки ба наздикӣ тавассути нашриёти «Наврӯз»-и Тошканд аз чоп баромад, дар ҳамин хусус нақл мекунад. Муаллифи он устоди До¬нишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Тӯрабек Искандарӣ ҳамчун арабшинос ва муҳаққиқи осори Мирзо Бедил шинохта шудааст.
Чуноне, ки ӯ қайд намудааст, муқаддимаи китоби Алии Яздӣ ба таври мухтасар дар чор фасл баён гардидааст: Дар баёни пайдоиши илми таърих, дар бораи пайдоиши олам, таърихи пайғамбарон ва пайдоиши насли турк.
Умед мекунем, китоб мақбули мухлисон мегардад.

Шавкат АЪЛАМОВ, магистранти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: