Чаро мо ба исрофкорӣ роҳ медиҳем?

Чаро мо ба исрофкорӣ роҳ медиҳем?

Ман дар яке аз китобҳои қадима хонда будам:
Макун исроф, «мо»-и маҷҷонӣ,
Чун «вало
тусрифу» – ҳамехонӣ.
Арабҳо обро «мо» мегўянд, маҷҷонӣ-равон, яъне оби равон ҷорист. Аз ин ҷост, ки «ҳатто оби ҷориро ҳам исроф накун», – гуфтаанд.
Мисраи дуввум бошад, оят аз Қуръони карим аст, ки он мазмуни мисраи якумро пурра таъкид менамояд. Пас чаро мо ба исрофгарӣ роҳ медиҳем? Алалхусус, дар тўю маъракаҳо, ошхонаҳо ва ҳатто дар рўзгори худамон. Ба як-як номбар кардани тамоми онҳо ҳоҷат нест. Зеро ҳама ме¬донанд, лекин эътиборе намедиҳанд. Ин аз тарафи динӣ гўем, исрофкорӣ гуноҳи бузург аст. Худои таоло исрофкорро дўст намедорад. Мана далел: «Инналлоҳа ло юҳиббул мусрифин» ин ҳамон маънои болоиро ифода ме¬кунад.
Боз дар ҳамон китоб хонда будам:
Талафи об чун раво набувад,
Талафи умр ҷуз хато набувад.
Бале, барои инсон умр неъмати қиматтарин аст, чун аз даст равад, онро бо ҳазорҳо тиллою долларҳо дарёфт карда намешавад.
Афсўс, ки садҳо одамон ба қадри он нарасида, умри худро зоеъ мекунанд, ё ба амалҳои нодуруст сарф менамоянд…
Худо раҳмат кунад, дўсти беғарази мо – усто Насриддин Аслиев, ки ба қа¬рибӣ дар арафаи синни 80-солагӣ аз олам гузаштанд, умри бобаракати худро дар таъмири обидаҳои меъморӣ ва хизмати халқ сарф карданд.
Ин марди боғайрат, насиҳатгўйи хурду калон саҳарӣ – аз соати 5 то со¬ати 8-и пагоҳӣ хизмати аҳли деҳаҳоро ба ҷо меоварданд ва сонӣ, кор мерафтанд. Боз баъди кори давлатӣ аз соати 5-и бегоҳӣ то соати 11-и шаб онро давом медоданд. Ҳамаи корҳои гилкорӣ аз дасташон меомад. Касе ба кор таклиф кунад, бо сарфарозӣ қабул карда, мушкилашро осон мекарданд. Ба пулу хўрокҳои соҳиби кор эътибор намедоданд. Одамони бекорхўҷаро бад медиданд, нафраташон меомад.
Рўзе гузарашон ба маҳаллае афтода, ба чойхонаи он даромадаанд, ки 10-12 нафар ҷавонон бо бозиҳои қартаю дамкаю домино машғуланд. Якбора ба шўр омада, бо ғазаб гуфтаанд:
– Э, шумо чӣ хел бўзбалаҳо, ки умратонро бекор мегузаронед. Аз ин вақтгузаронии беҳуда як каф лойро ба девор зада, ҳамвор кунед, беҳтар нест?
Ҳама аз шарм сурх гардида, оҳиста пароканда шуданд.
Марҳумонро бо ному корҳои некашон ёдоварӣ кардан ҳам аз вази¬фаҳои инсонии мост
Ҳоҷӣ Шукруллохон ВАЛИЗОДА, сокини маҳаллаи Қумзори ноҳияи Самарқанд

Чаро мо ба исрофкорӣ роҳ медиҳем?
Ман дар яке аз китобҳои қадима хонда будам:
Макун исроф, «мо»-и маҷҷонӣ,
Чун «вало
тусрифу» – ҳамехонӣ.
Арабҳо обро «мо» мегўянд, маҷҷонӣ-равон, яъне оби равон ҷорист. Аз ин ҷост, ки «ҳатто оби ҷориро ҳам исроф накун», – гуфтаанд.
Мисраи дуввум бошад, оят аз Қуръони карим аст, ки он мазмуни мисраи якумро пурра таъкид менамояд. Пас чаро мо ба исрофгарӣ роҳ медиҳем? Алалхусус, дар тўю маъракаҳо, ошхонаҳо ва ҳатто дар рўзгори худамон. Ба як-як номбар кардани тамоми онҳо ҳоҷат нест. Зеро ҳама медонанд, лекин эътиборе намедиҳанд. Ин аз тарафи динӣ гўем, исрофкорӣ гуноҳи бузург аст. Худои таоло исрофкорро дўст намедорад. Мана далел: «Инналлоҳа ло юҳиббул мусрифин» ин ҳамон маънои болоиро ифода мекунад.
Боз дар ҳамон китоб хонда будам:
Талафи об чун раво набувад,
Талафи умр ҷуз хато набувад.
Бале, барои инсон умр неъмати қиматтарин аст, чун аз даст равад, онро бо ҳазорҳо тиллою долларҳо дарёфт карда намешавад.
Афсўс, ки садҳо одамон ба қадри он нарасида, умри худро зоеъ мекунанд, ё ба амалҳои нодуруст сарф менамоянд…
Худо раҳмат кунад, дўсти беғарази мо – усто Насриддин Аслиев, ки ба қарибӣ дар арафаи синни 80-солагӣ аз олам гузаштанд, умри бобаракати худро дар таъмири обидаҳои меъморӣ ва хизмати халқ сарф карданд.
Ин марди боғайрат, насиҳатгўйи хурду калон саҳарӣ – аз соати 5 то соати 8-и пагоҳӣ хизмати аҳли деҳаҳоро ба ҷо меоварданд ва сонӣ, кор мерафтанд. Боз баъди кори давлатӣ аз соати 5-и бегоҳӣ то соати 11-и шаб онро давом медоданд. Ҳамаи корҳои гилкорӣ аз дасташон меомад. Касе ба кор таклиф кунад, бо сарфарозӣ қабул карда, мушкилашро осон мекарданд. Ба пулу хўрокҳои соҳиби кор эътибор намедоданд. Одамони бекорхўҷаро бад медиданд, нафраташон меомад.
Рўзе гузарашон ба маҳаллае афтода, ба чойхонаи он даромадаанд, ки 10-12 нафар ҷавонон бо бозиҳои қартаю дамкаю домино машғуланд. Якбора ба шўр омада, бо ғазаб гуфтаанд:
– Э, шумо чӣ хел бўзбалаҳо, ки умратонро бекор мегузаронед. Аз ин вақтгузаронии беҳуда як каф лойро ба девор зада, ҳамвор кунед, беҳтар нест?
Ҳама аз шарм сурх гардида, оҳиста пароканда шуданд.
Марҳумонро бо ному корҳои некашон ёдоварӣ кардан ҳам аз вазифаҳои инсонии мост

Ҳоҷӣ Шукруллохон ВАЛИЗОДА, сокини маҳаллаи Қумзори ноҳияи Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: