Фоида ва зарари раъду барқ

Фоида ва зарари раъду барқ

Ба ҳисоби миёна дар рўйи Замин ҳар сол 16 миллион, ҳар рўз 44 ҳа¬зор, ҳар соат 2 ҳазор ва ҳар сония 100 маротиба раъду барқ мешавад. Дар натиҷаи задани (фаромадани) барқ офатҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар дунё аз ҳар як миллион аҳолӣ 10 нафар аз задани барқ ҳалок мешаванд. Дар таърих воқеаҳои вафоти инсонҳо, ки бо задани барқ вобастаанд, борҳо рўй додаанд. Ми¬сол, моҳи июни соли 1980 дар деҳаи Моски, ки аз Исломободи Покистон дар масофаи 160 км. воқеъ аст, барқ сабаби вафоти 18 нафар одамон ва ҷароҳат гирифтани 23 нафар шахс шуд.
Рўзи 18-уми марти соли 1769 ба яке аз манораҳои Венетсия барқ афтод. Дар таҳтўлаи манора 1030000 кг. борут буд. Аз барқ дар таҳтўла сўхтор рўй дода, борут таркид ва хиштҳои манора ба чор тараф пароканда шуданд. Аз шаш як қисми биноҳои шаҳри Брессия тамоман вайрон шуда, боқимондааш шикасти ҷиддӣ гирифт.
Раъду барқ фоида низ дорад. Ҳангоми он дар таркиби ҳавои иондор миқдори гази озон меафзояд. Маълум, ки гази озон микробҳоеро, ки дар замин, ҳаво ва об ҳаст нест мекунад. Ҳангоми раъду барқ ни¬троген (азот) ва оксиген (кислород) як шуда, моддаи нитрат ҳосил меша-вад. Вай бо борон ба замин афтода бо натрий, калий ва аммоний, ки дар таркиби хок аст, ба нашъунамои растаниҳо мусоидат мекунанд. Баъди раъду барқ зиёд шудани зам¬бўруғҳо низ аз ҳамин сабаб аст.
Раъду барқ дар ҳама ҷойи кураи Замин як хел рўй намедиҳад. Дар кишварҳои тропикӣ ва экваториалӣ онҳо бисёртар рўй медиҳанд. Дар ин минтақаҳо ҳар сол то 150 рўз раъ¬ду барқ шуданаш мумкин аст. Дар ҷазираи Яваи Индонезия соле 300 маротиба раъду барқ мешавад. Ин нишондиҳанда дар Африкаи Мар¬казӣ 150, Мексикаи Ҷанубӣ – 140, Панама – 135, Кавказ – 60, Москва – 35 ва Киев – 35 рўзро ташкил мекунад. Дар Саҳрои Кабир ва Арабистон раъду барқ умуман намешаванд.
Дар қаламрави Ўзбекистон раъду барқ хеле кам, асосан дар нимаи дуюми рўзи моҳҳои апрел ва май рўй медиҳад.
Ҳоло олимон ба барқ «лаҷом» зада, чӣ тавр ба инсонҳо хизмат ку¬нонидани онро меомўзанд.

Анвар ТУРДИҚУЛОВ, ходими Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: