ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ БА МУҲОКИМАИ ҶАМОАТӢ ГУЗОШТА ШУД

ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ БА МУҲОКИМАИ ҶАМОАТӢ ГУЗОШТА ШУД

 

 

Лоиҳаи барномаи давлатии “Соли дастгирии тадбиркории фаъол, ғоя ва технологияҳои инноватсионӣ” ба муҳокимаи ҷамоатӣ тақдим карда шуд.

Лоиҳа аз вазифаҳои асосии дар ғоя ва таклифҳо, инчунин, Стратегияи ҳаракатҳо оид ба панҷ равияи устувори инкишофи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ки Президентамон Шавкат Мирзиёев 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намудааст, бармеояд.

Он аз 237 банд иборат буда, панҷ равияи устувори дар Стратегияи ҳаракатҳо нишондодаро дар бар гирифтааст. Доир ба лоиҳа ҳама метавонанд фикру таклифҳои худро ба воситаи сайти www.2018.strategy.uz пешниҳод намоянд.

Бояд қайд намуд, ки танҳо дар рӯзи якуми ба сайт эълон гардидани лоиҳа зиёда аз ҳазор таклифу мулоҳизаҳо омада расиданд, ки ин ҳисси дахлдории ҳамдиёрон, торафт баландшавии мавқеи шаҳрвандиро мефаҳмонад.

Дар баробари ин, аз ҷониби маркази “Стратегияи тараққиёт” бо мақсади муҳокимаи ин ҳуҷҷат бо иштироки идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамоатӣ ва байналхалқӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ гузаронидани брифингҳо, тадбирҳо, муҳокимаҳои экспертии гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тақдимот гузаронида, фикру мулоҳизаҳои профессору омӯзгорон ва донишҷӯён шунида мешавад. Инчунин, дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҷараён инъикос меёбад.

Лоиҳаи барномаи давлатӣ дар асоси таҳлили натиҷаҳои муҳокима ва таклифҳо боз ҳам такмил дода мешавад.

Муҳокимаи ҷамоатӣ то 15-уми январи соли ҷорӣ идома меёбад.