Фестивали донишҳо

Фестивали донишҳо

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд аз тарафи Садорати таълими халқи вилоят маросими тақдирсозии ғолибони зинаи вилоятии “Фестивали донишҳо” гузаронида шуд.
Нахуст оиди 5 ташаббусе, ки аз тарафи Президенти мамлакатамон пешниҳод гардидааст, маълумот дода шуд.
Аз тарафи хонандаҳои боиқтидори мактабҳои таълими умумӣ барномаи консертӣ ва саҳначаҳо намоиш дода шуда, бозиҳои викторинаи шавқовар ташкил гардид.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, маъмурияти Садорати таълими халқи вилоят, вакилони шӯъбаҳои таълими халқии шаҳру ноҳияҳо, муаллимон, ғолибони фестивали донишҳо, мураббӣ ва падару модарони онҳо иштирок карданд.
Дар анҷом ба ғолибони “Фестивали донишҳо” аз тарафи садорат сертификат ва китобҳои бадеӣ супорида шуд. Инчунин, барои истироҳати даҳрӯза дар оромгоҳҳои тобистона роҳхат гирифтанд.


Хизмати матбуоти
Садорати таълими халқи вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: