Тиббиёт дар спорт машварати олимони соҳа дар Самарқанд

Тиббиёт дар спорт машварати олимони соҳа дар Самарқанд

Дар клиникаи Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд (ДДТС) дар мавзӯи «Шифокорон ва мураббиҳо: якҷоя сӯйи тарзи ҳаёти солим» конференсияи байналхалқии илмиву амалӣ баргузор гашт.
Дар конференсия олимони ҷумҳуриятамон ва мутахассисони шинох­таи медитсинаи спорти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) иштирок карданд.
Меҳмонон аввал бо фаъолияти ДДТС шинос шуданд. Шароити таҳсилу зиндагии донишҷӯён ва Музейи таърихи донишкадаро аз назар гузаронданд.
– Дар конференсия оиди тадқи­қотҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни тиббиёти спорт, сарбориҳои ҷисмоние, ки роҳ дода мешаванд, табобати паталогияи спорт ва усулҳои пешқадами пешгирии онҳо ҳарф заданд, – гуфт сардухтури Маркази илмию амалии тиббиёти спорти ҷумҳурият Искандар Мавлонов. – Инчунин, дар тадқиқи таъсири дорувор ҳангоми тайёрӣ ба мусобиқаҳо, тартиби хӯрокхӯрӣ ва ратсионалии он ба ҳолати физиологии спортчиён, таҷрибаи дунё ва Ӯзбекистон дар сохтори самараноки назорати антидопинг, дар спорт усули назорати истифодаи дорувор ва воситаҳои дигар, ки таъсири фармакологӣ доранд, машварат кардем.
Пешгирӣ, диагностика ва табобати ҷароҳатҳои спортӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва базаҳои диагностикӣ-­табобатӣ низ мавриди муҳокима қарор ёфтанд.
Мутахассисон дар нимаи дуюми рӯз ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бо ҳолати расонидани хизмати тиббӣ ба варзишгарон дар мактабҳои спортӣ, дар онҳо муайян намудани хавфи истеъмоли допинг, аз рӯйи нақша иҷро намудани масъалаҳои таъминоти тиббӣ-­биологӣ дар машғулоти спортчиён, истифодаи футболу гимнастика дар шаклдиҳии маданияти ҷисмонии хонандагоне, ки нуқси шунавоӣ доранд, шинос шуданд.
Конференсия ду рӯз давом карда, мутахассисон барои донишҷӯёни донишкадаи тиббӣ машғулоти маҳорат гузаронданд.
Дар маросими кушоиши тадбир ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Р. Қобилов иштирок кард.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: