«Оилаи ман – бахти ман»

«Оилаи ман – бахти ман»

Зери ҳамин шиор Кумитаи зан – духтарони ҳокимиятҳои вилоят бо ҳамкории шӯъбаи вилоятии Маркази илмиву тадқиқотии «Оила»-и Ӯзбекистон дар ноҳияи Пастдарғам тадбири маданӣ гузаронд. Он ба Рӯзи байналхалқии оила ва иҷрои корҳо аз рӯйи 5 равия ташаб­буси Президентамон бахшида шуд.
Аввал бонувони обрӯманди вилоятамон, бо сарварии ҷонишини ҳокими вилоят, раиси Кумитаи зан – духтарони вилоят Гавҳар Алимова ва ҷонишини ҳокими ноҳияи Пастдарғам Марғуба Санақулова ба корҳои хайр даст заданд. Ба хонадонҳои якчанд оилаҳои камтамини маҳаллаҳои дурдасти ноҳия рафта, онҳоро дидорбинӣ намуданд. Ба онҳо тӯҳфаҳои кумитаҳоро супурданд.
Дар доираи барномаи тадбир дар Боғи ҷавонони шаҳраки Ҷумъа сайру гашти мардум ташкил гардид. Иштирокчиёни он на танҳо оилаҳои намунавии маҳаллаҳои шаҳарча, балки оилаҳои намунавии маҳаллаҳои дигар низ буданд. Дар роҳравҳои боғ намоиши асарҳои рассомҳои ҷавон, ҳунарнамоии варзишгарон ва баромади ансамблҳои фолклорӣ ташкил гардид. Дар як тараф бошад, ярмаркаи ҷойи кор амал кард.
Сипас, дар саҳнаи боғ шоу – озмуни «Оилаҳои хушбахт» ва галаконсерт ташкил гардид. Санъаткорон ба ҳозирон кайфияти гуворо бахшиданд.
– Дар ноҳияамон беш аз 82000 оила зиндагии осуда доранд, – гуфт зимни сӯҳбат бо вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ раиси кумитаи зан – духтарони ноҳия М. Санақулова. – Мо тарафдори зиндагии осудаи оилаҳо мебошем. Дар доираи тадбир аксияи «Ба фарзандатон китоб ҳадя намоед!»-ро низ ташкил намудем. Ба оилаҳои намунавӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои кумитаамонро супоридем. Чунин тадбирҳоро дар ҳудудҳои дурдасти ноҳия ҳам ташкил мекунем…

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: