Тадбиркории оилавӣ: имтиёз ва имкониятҳо

Тадбиркории оилавӣ: имтиёз ва имкониятҳо

Зери ҳамин мавзӯъ дар Маркази ҷавонони Самарқанд ба муносибати Рӯзи байналхалқии оила бизнес-­тренинг барпо гардид.
Дар тадбир, ки бо ҳамкории Садорати андози давлатии вилоят, Сарсадорати вилоятии Бонки марказии ҷумҳурӣ ва Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ташкил гардид, шаҳрвандони бо тадбиркории оилавӣ машғулбуда ва хамткунандагони коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ иштирок карданд.
Мутасаддиён оиди ривоҷ додани соҳибкорӣ, тартиби ба роҳ мондани тадбиркории оилавӣ, гирифтани кредити имтиёзнок, дар бораи имтиёзоти андоз, ки дар амал аст, маълумот доданд.
Таъкид гардид, ки то ҳол дар вилоят мувофиқи Барномаи «Ҳар як оила – тадбиркор» барои 4723 лоиҳа ба миқдори 101 миллиарду 699 миллион сӯм кредит ҷудо карда шудааст.
– Ман аз филиали Бонки халқӣ дар ноҳияи Пахтачӣ 30 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифта, дар 5 хол майдон гармхона барпо намудам, – гуфт сокини маҳаллаи Ёбуи ноҳия Муаттар Шомуродова. – Дар гармхона бодиринг парвариш карда, дар бозор фурӯши онро ба роҳ мондем.
Дар анҷом ба як гурӯҳ тадбиркорон барои гирифтани кредити имтиёзнок сертификатҳо супорида шуд.


Хизмати матбуоти
Садорати андози давлатии вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: