Инсон – бо хотираи гузаштагон зинда

Инсон – бо хотираи гузаштагон зинда

Хуршед Самеъбоев аз олимони сермаҳсули шаҳри Самарқанд ба ҳисоб меравад. Ӯ солҳои дароз дар Донишгоҳи давлатӣ ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд омӯзгорӣ кардааст.
Донандаи таърихи Самарқанд Хуршед Самеъбоев муаллифи беш аз се ҳазор мақолаҳои илмиву оммавӣ аст. Китоби «Таърихи маҳаллаҳои Самарқанд»-и ӯ дар Япония нашр шудааст. Инчунин, он ба забонҳои русиву англисӣ тарҷима гардидааст.
Ба қарибӣ «Хотира китоби» – «Китоби хотира»-и устод Хуршед Самеъбоев аз тариқи нашриёти «Ноширлик ёғдуси»-и шаҳри Тошканд чоп шуд. Ин китоби хотиравӣ сайёҳате ба қомуси шаҷараҳо буда, оиди таърихи се авлоди имрӯзаи хонадони Нодир Муҳаммад, Ниёзбобо ва Ҷӯрабобоҳо нақл мекунад.
Солҳои 60-уми асри гуза¬шта, аз тарафи кинематографистони рус филми ҳуҷҷатии «Самеъбоевҳои самарқандӣ» ба навор бардошта шуда, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда буд. Ҳамон солҳо сардори ин сулолаи бузург – Ҳотамбобо ва писарони ӯ олими шифокор Матлуб, олими таърихчӣ Ким, олими иқтьисодчӣ Шавкат ва дар қатори онҳо духтари ягонаи оила – олими соҳаи биология Қутфия бо олими минбаъдаи соҳаи фалсафа Хуршед, ки дар оғӯшаш китоб дошт, ба сурат афтода буд.
Дар китоб оиди як сулолаи калон – аз аҷдодони бузург сар карда, то фарзанду набераҳои имрӯзаи онҳо сухан меравад. Муаллиф аз кору фаъолияти гузаштагон ёдовар шуда, рӯҳи поки онҳоро пос медорад. Ри¬сола дорои аҳамияти
калони таърихӣ ва ахлоқӣ аст.

ӢӣБ.ҶУМЪАЕВ

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: