Кирмакпарварӣ бо технологияи хитоӣ

Кирмакпарварӣ бо технологияи хитоӣ

Кирмакпарварони ноҳияи Самарқанд дар вилоят аввалин шуда ба супоридани ашёи хоми саноатӣ пардохтанд. Бо ҳамин муносибат дар бинои ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Samarqand Tian Zhu Silk Worm»-и ноҳия тадбири бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст.
Директори корхона Зайниддин Бобомуродов ҳозиронро хайра мақдам гуфта, риштаи суханро ба сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Агропилла»-и вилоят Ёдгор Ҷӯраев дод.
– Имсол беш аз 46 ҳазор нафар фермерҳои кирмакпарвар бо парвариши пилла машғуланд, – гуфт нотиқ. – Онҳо бо технологияи хитоӣ меҳнат мекунанд. Давлат ба ҳар як кило хомашёи саноатӣ 25-30 ҳазор сӯм музди кор медиҳад. Ғайр аз ин, барои як моҳи кор ба собиқаи яксола соҳиб мешаванд. Кирмакпарварони вилоятамон аҳд карданд, ки ба давлат 2645 тонна пилла фурӯшанд. Барои ба муроди дил расидани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Аз ҳама муҳимаш, обу ҳаво мусоидат намуд. Боронгарӣ барои зиёд шудани озуқа – барги тут фоида бахшид.
Барои ришта бастани пилла аз дастаҳои сунъии пласстилинӣ истифода мебарем, ки ба сифату навъи ашёи хом таъсиргузор аст.
Дар поёни анҷуман ҳокими ноҳияи Самарқанд Шӯҳрат Ҷамолов ба як гурӯҳ кирмакпарварони пешқадам тӯҳфаҳо супурд. Рӯзи аввал ба пункти қабул беш аз 500 килограмм ашёи хом супорида шуд.

Баҳодури ЗОҲИР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: