Иштирокдорони мусобиқаи байналхалқӣ муайян гардиданд

Иштирокдорони мусобиқаи байналхалқӣ муайян гардиданд

Дар мактаб-интернати махсуси рақами 60-и шаҳри Самарқанд бо мақсади ташаккули ҷамоаи умумии Ӯзбекистон барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии математика, ки рӯзҳои 1-6-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурияти Африқои Ҷанубӣ гузаронида мешавад, зинаи интихобии II мусобиқа барпо гардид.
Дар он аз Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилоятҳо 140 нафар хонандагони боиқтидор иштирок карданд.
Бо мақсади дар асоси адолат ва шаффофият баҳогузорӣ намудани корҳои иштирокчиён профессорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълими олӣ ҷалб гардиданд.
Дар анҷом аз рӯйи ду тоифаи синну сол ҷамъ 8 нафар (4 нафарӣ) ғолибон муайян гардида, рӯйхати иштироккунандагони мусобиқаи байналхалқии математика тартиб дода шуд.
Назар ба маълумотҳо хонандагони мактабҳои таълими умумии мамлакатамон аз соли 2014 инҷониб дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок карда, то ҳол 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷиро ба даст овардаанд.

Ҳайдар ШОДИЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: