Ғолибони «Челленжер» муайян гардиданд

Ғолибони «Челленжер» муайян гардиданд

Тавре, ки хабар додем, дар шаҳри Самарқанд мусобиқаи байналхалқии «Челленжер» гузаронида шуд. Барои ба даст даровардани мукофоти бонуфуз 53 нафар теннисчиён аз 24 мамлакати ҷаҳон талош варзиданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ ҷойи аввал ба ва¬кили Бразилия, теннисчии касбӣ Ҷаоа Менезес насиб гашт ва ӯ 7200 доллари амрикоӣ мукофоти пулӣ гирифт.
Дар баҳси ҷуфтӣ Гансало Оливераи порту¬галӣ ва Андрей Василевский аз Белоруссия пирӯз гардида, 3100 долларӣ гирифтанд. Ба ҷуфти Сергей Фомин (Ӯзбекистон) ва Таймураз Габашвилӣ (Россия) 1800 доллари амрикоӣ му¬кофоти пулӣ дода шуд.
Тӯҳфаҳоро супервайзери мусобиқа Андрей Карнилов, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, саркотиби Федератсияи тенниси Ӯз¬бекистон Ирода Тӯлаганова, ҳокими шаҳри Са¬марқанд Фурқат Раҳимов супурданд.
Дар доираи мусобиқа теннисчиёни соҳиб¬таҷриба Фаррух Дӯстов ва Ирода Тӯлаганова барои 200 нафар варзишгарони навраси са¬марқандӣ дарси маҳорат (мастер — класс) гузаштанд.
— Боиси хурсандист, ки дар Самарқанд ба бозии теннис диққати махсус дода мешавад, — гуфт Ирода Тӯлаганова. – Умед аст, ки дар оянда аз шаҳри бостонӣ низ варзишгарони номдор ба камол расанд.

Б.ЗОҲИР

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: