Забони англисиро меомӯзем!

Забони англисиро меомӯзем!

Зери ҳамин шиор дар мактаби мо дар доираи моҳонаи фанни забони англисӣ тадбири фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар он омӯзгорони фанни забони англисӣ ва хонандагони мактаб иштирок карданд. Тадбирро директори мактаб Истода Ҳошимова ифтитоҳ бахшида, дар бораи аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, чорабиниҳое, ки аз тарафи ҳукумат дар ин самт амалӣ мегарданд сухан кард.
Хонандаҳои синфи 1-“б” дар зери суруди англисӣ рақсида, ба ҳозирон кайфияти хуш бахшиданд. Сипас, гурӯҳи хонандагони синфи
VII ба забони англисӣ шеъру сурудҳо хонданд.
Хонандагони синфи IX-“б” дар саҳна гимни давлати Британияи Кабирро иҷро намуданд.
Инчунин, байни хонандагони синфи X саволу ҷавобҳо аз рӯи забони англисӣ ба миён омад.
Дар анҷом аз тарафи маъмурияти мактаб ба иштирокдорони фаъол ифтихорномаҳо супорида шуд.
– Ташкили чунин тадбирҳо барои мус-
таҳкамсозии дониши хонандагон аҳамияти муҳим дорад, – гуфт хонандаи мактаб Дониёр Тошқулов. — Мо ҳам барои хуб омӯхтани забони англисӣ аз таҳти дил ҳаракат дорем. Чунки
омӯзиши забонҳои кишварҳои ҷаҳон ба рӯйи мо дарҳои нави илму донишро боз намуда, мо тавассути он бо фарҳангу тамаддуни халқҳои
дигар ошно мешавем.

Толибахон ЭСАЕВА,
омӯзгори мактаби таълими умуми
рақами 38-и ноҳияи Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: