Лоиқ Шералӣ – шахсияти 
 таъсиргузор ва мондагор

Лоиқ Шералӣ – шахсияти таъсиргузор ва мондагор

Лоиқ Шералӣ як одами оддӣ будааст, ки дар деҳаи ба номи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент, дар хонаводаи як деҳқони оддӣ ва як зани муштипари тоҷик ба воя расидааст:

Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман – ҷаҳони беканор…

Ва тадриҷан ба бузургӣ расидааст ва бо шеърҳои оламгираш ба дили ҳама роҳ ёфтааст, бо шеърҳояш ба бедории тафаккур, такомули маънавии
онҳо таъсир гузоштааст. Ин маънӣ дар ин байти шоир ифода ёфтааст:
Шеър гуфтам барои он, ки шумо
Қадри худро дуруст бишносед.
Хуб, одамони оддӣ чӣ гуна ба шах-
сиятҳои бузурги таъсиргузор ва мондагору ҷовидонӣ табдил меёбанд? Чӣ гуна як хонандаи оддии мактаб бо мурури замон ба як шоири номдору маҳбуби ҳамагон мубаддал мешавад? Дар мисоли заҳматҳои Лоиқ
Шералӣ метавонем ба ин савол ҷавоб пайдо кунем. Маълум мегардад, ки ин шоири бузург ҳанӯз аз хурдӣ ба мутолиаи китоб шавқи баланд дошта
будааст. Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси забардасти тоҷик, дар яке аз мақолаҳояш меорад, ки Лоиқ дар овони мактабхонӣ (15-солагӣ) шеър машқ мекардааст ва дар саҳифаи аввали яке аз ҷилдҳои китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ як пораи хурди шеъри шоир бо тахал-
луси «Лоиқи Фатҳӣ» оварда шуда будааст. Ду нуктаи муҳимро, ки қайд
кардан лозим аст, ин ҷо меоварем:
Аввал, Лоиқ дар овони хонандаи мактаб буданаш ба достонҳои «Шоҳнома» завқу мароқ доштааст, ки дертар ин муҳаббаташ боиси ба вуҷуд
омадани маҷмӯаи шеърҳои «Илҳом аз «Шоҳнома» гаштааст:

Бибояд ман бихонам ин китобро,
Ки ин аст дурру гавҳар низ тилло.
Бибояд ҳис намуд дар фикри шоир,
Бигӯям шеъри тавсифӣ ба он доир.
(Лоиқ Фатҳӣ)

Пас, як омили ба бузургӣ расидани шоир мутолиаи китобҳои хуб будааст. Имрӯз талаби сарвари давлат ҳам ҳамин аст, ки ҳар яки мо дар ҷевонҳо-
ямон китобҳо дошта бошем ва мутолиаро афзун кунем. Чунки мутолиа хазинаи луғавии моро бой
мегардонад, илму маданият меомӯзад.
Дуюмин, ки дар ин шеър тахаллуси Фатҳиро истифода кардани Лоиқ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз мутолиаи китоб дар дили ӯ муҳаббатро
нисбати шеъру адабиёт парвариш намуда, умед бахшидааст, ки ӯ низ баъди чандин солҳо мисли Фирдавсии бузургвор лаҷоми суханро ба даст
гирад ва дунёи шеъри форсиро бо шеъри худаш фатҳ ва тасхир намояд. Аз хурдӣ орзуи шахси бузург гаштанро дар дил парваридан, мақсадҳои
олӣ гузоштан дар ин роҳ як ҷавони оддиро ба дараҷаи шахсияти бузург расонидааст. Пас, аз хурдӣ инсони бузург шуданро орзу кардан ва дар назди худ мақсадҳои бузург доштан айбе надоштааст ва моро сӯйи қуллаҳои баланд роҳнамоӣ мекардааст. Лоиқ ҳам орзу доштааст, ки шоири бузург гардад ва шеърҳояш рӯзҳои ид вирди забони одамон бошад:
Эй дили пурорзу, аз рангҳои тозае
Сафҳаи рангин ба номи зиндагӣ
пардоз, дунё бо умед!
Кош аз сад байт як байтат шавад вирди забон
Аз сари меҳру садоқат рӯзи Фардо, рӯзи Ид!
Дигар омили пешравӣ дар зиндагӣ, ба мақсадҳои бузург расидан албатта заҳмат кашидану меҳнат кардан аст. Ин роҳ хеле пурзиддияту пурмашақ-
қат аст ва аз талошу муборизаҳо иборат аст.
Ба ин маънӣ устод Лоиқ мегӯяд:

Зиндагӣ! Ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам,
Ман туро чун сарнавишти хеш дигар мекунам.
Гарчи борад бар сарам бо амри ту борони санг,
Кӯҳҳоро сӯйи уқёнус чопар мекунам.
Каҷҳисобиҳои ту бо ростон беҳудааст,
Бо ту ман рӯзе ҳисобамро баробар мекунам…

Барои ба ин бузургӣ ва мартабаи баланд расидан устод Лоиқ Шералӣ бисёр заҳмат кашидааст.
Ба қавли А.Сатторзода, «Солҳои 60-70-ум барои Лоиқ солҳои омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи
адабиёти умумидунёӣ, солҳои ошноии наздик бо осори С.Есенин, Ҳейне, Ҳёте, Ҳюго, Расул Ҳамзатов,
Уитмен, Пабло Неруда ва Э.Межелайтис, солҳои рӯ
овардан ба адабиёти порсии дарӣ, хосса сурудаҳои ҷовидонии Хайём, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Мавлавии
Балхӣ, Соиб ва Калими Кошонӣ, солҳои алоқамандӣ ба таърихи дуру наздики қавми тоҷик, солҳои
шиносоӣ бо шеъри муосири Эрон, Афғонистон ва Ҳинду Покистон, бо навиштаҳои Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Эраҷ Мирзо, Мали-
кушшуаро Баҳор, Муҳаммад Иқбол, Халилуллоҳи Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, солҳои сабақгирӣ аз ада-
биёти мардумӣ, солҳои луғатандӯзӣ ва забономӯзӣ, солҳои такмили силсилаи «Модарнома», «Дафтари ғазал» («Машқи ғазал»), оғози офари-
ниши «Ҷоми Хайём», «Катибаҳо» ва «Резаборон», солҳои эҷоди «Илҳом аз «Шоҳнома», намунаҳои барҷаста ва зебои шеърҳои ошиқона ва ватанхоҳонаи замонӣ буд. Дар ин муддат шоир, ба гуфтаи худаш, моро шеърборон кард. Ва чун подоши
амал шоир соли 1978 барои маҷмӯаи «Хоки Ватан»ва силсилаи шеърҳои «Илҳом аз «Шоҳнома» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардид». Аз ин зиндагиномаи шоири бузург ба ин натиҷа мерасем, ки ҳеҷ як меҳнату заҳмат беҳуда намемондааст ва оқибат қадршиносӣ мешудааст, чунонки имрӯз, пас аз вафоти шоир ҳам мо номи ӯро зинда медорем ва аз асарҳояш баҳра мебардорем.
Хушбахтона, ба ман ҳам муяссар
гаштааст, ки аз наздик суханони
устод Лоиқро бишунавам ва аз ӯ
маслиҳат бигирам. Хато накунам,
соли 1992 дар ҷараёни озмуни
ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва
адабиёти тоҷик дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё устодони шеъри тоҷик – Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Алимуҳаммад Муродӣ,
ки ба сифати меҳмони фахрӣ ширкат доштанд, ман имкон ёфтам дар ҳузури меҳмонони олиқадр шеърҳои навмашқонаи худро бихонам. Ман он
рӯзҳо воқеан моҳияти вазни шеърро намефаҳмидам ва ба сари худ шеъри худро мавзун мекардам.
Ҳамон рӯз устодон Лоиқ ва Гулрухсор бо навбат дар бораи шеърҳои хонандагони навмашқ фикрҳо худро изҳор намуданд ва аз ҷумла устод Лоиқ таъкид карданд, ки ҳар касе, ки шоир шуданист, бояд вазни арӯзро биёмӯзад. Ва ба саволи «Шеърҳои
киҳоро мехонед?» дар баробари зикри номи чанд шоир бо табассум гуфтанд, ки «шеърҳои худамро низ хонда меистам». Ҳамин тариқ, шахсиятҳоеро ба мисли Лоиқ Ше-
ралӣ, ки ба халқи худаш ва умуман инсоният меҳру муҳаббати баланд доштааст ва зиндагияшро сарфи
хизмати онҳо намудааст, кори хайр ва шарафнок аст ва дарси ибрат барои ҷавонҳо хоҳад буд. Шеъри шоири асил, ҳамон гуна ки худаш хоста будааст, дар ҳама давру замон вирди забони одамон аст:

Нестам рӯ сӯхта дар рӯ ба рӯят, эй Ватан,
Ҳарф – ҳарфи шеъри ман аз меҳри ту огандааст.

Дилшода ҲАЗРАТҚУЛОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: