Инвеститсия ва инноватсия – талаби давр

Инвеститсия ва инноватсия – талаби давр

Дар Донишкадаи давлатии меъмориву сохтмонии Самарқанд аз тарафи кафедраи “Менеҷменти сохтмон” дар мавзӯи “Муаммоҳои муҳими ташкил ва идораи ҷараёнҳои инвеститсионӣ-сохтмонӣ ва инноватсионӣ дар шароити либералсозии иқтисодиёт” анҷумани илмиву амалии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар анҷуман беш аз 307 нафар олимон бо 140 мақолаи илмӣ иштирок карданд. Инчунин, аз тарафи Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва, Донишгоҳи давлатии меъмориву сохтмонии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноат ва дизайни Санкт-Петербург, филиали Иҷевски Донишкадаи кооператсияи Россия мақолаҳои илмӣ пешниҳод карда шуд.
Дар кори анҷуман сарвари Сарсадорати меъморӣ ва сохтмони вилоят Б.Назаров, филиали самарқандии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Qishloq qurilish invest” С.Зиёдуллоев, ҷонишини сардори ширкати инҷиниринги ҳокимияти вилоят Т.Эшонқулов ва профессор-устодони пешқадами муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Дар анҷом тавсияҳои илмиву инноватсионӣ таҳия гардид, ки дар оянда барои вусъатёбӣ ва рушди сохтори идораи инноватсиониву усулҳои он хизмат мекунад.
Мухбири рӯзнома.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: