Чаро мо худамонро ҳам 
 дӯст намедорем?

Чаро мо худамонро ҳам дӯст намедорем?

Бардаму солим зиндагӣ кардан ва умри дарозе дидан орзуи ҳамагон
аст. Барои ин мо чӣ бояд кунем?
Бо ин ва дигар саволҳо
мухбирамон ба ҷонишини
сардухтури Иттиҳодияи
тиббиёти ноҳияи Самарқанд оид
ба табобат Замира Маъмурова,
ки 46-сола стажи корӣ дораду дар
ин вазифа 30 сол боз меҳнат
мекунад, муроҷиат кард.

– Дарозумрии одам ба бисёр
омилҳо вобаста аст. Яке аз онҳо ген
бошад, дигаре тарзи ҳаёти солим ме-
бошад, – гуфт Замира Маъмурова. –
Барои саломативу дарозумрӣ хӯрок
ҳам аҳамияти калон дорад. Одам
бояд ба меъёрҳои хӯрокхӯрӣ риоя
кунад. Дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ
якбора 5-6 хел хӯрок нахӯрад. Беш-
тар хӯрдани маҳсулоти ширӣ, саб-
завот, мева ва кабудиҳо фоидаовар
аст. Ба воситаи хӯрок ба организм
моддаву элементҳои зарурӣ дохил
мешаванд. Таомҳое, ки бо буғ пухта
мешаванд ва ё дар об ҷӯшонида тай-
ёр карда мешаванд, нисбати хӯро-
киҳои бирёнкардашуда ба организ-
ми одам фоидаовар аст. Гӯштро ҳам
одам бояд аз рӯйи меъёр истеъмол
намояд. Бисёр хӯрдан боиси дар ор-
ганизм зиёд шудани холестерин ме-
гардад. Халестерин, ки зиёд шавад,
он одамро зудтар ба пирӣ мерасонад.
– Баъзе касалиҳо аз пурхӯрӣ ҳам
пайдо мешаванд?
– Албатта, касалиҳои дил, фишо-
ри баланд, гипертония ва ғайра ба
хӯрдан ҳам вобаста аст. Барои пеш-
гирии ин гуна касалиҳо мо бояд дар
вақташ хӯрок хӯрем, хобем ва исти-
роҳат намоем. Масалан, дар фас-
ли тобистон, яъне гармӣ хунамон
ғафстар мешавад. Хун сахт шавад,
фишори хун, дар дил, инфаркт пай-
до мешавад. Барои пешгирии ин, мо
бояд бештар хӯрокиҳои моегӣ, ком-
пот, афшурдаи мева ё масалан, об
хӯрданамон даркор аст. Рӯзе инсон
бояд 1,5-2 литр об нӯшад. Бегоҳирӯзӣ
кам хӯрок хӯрдан лозим аст. Агар бо
ишками аз ҳад сер хобед, хоб намеба-
рад, худатон безобита мешавед, май-
наатон дам нагирифта кор мекунад.
– Хӯроки пагоҳиро танҳо, пеши-
ниро бо дӯстат ва хӯроки бегоҳиро
ба душманат деҳ мегӯянд…
– Дуруст. Ҳозир касалиҳои меъ-
да бисёр шудаанд. Чунки аз рӯйи
менталитети миллӣ мо бегоҳирӯзӣ
хӯроки бисёр мехӯрем. Бояд хӯроки
бегоҳӣ тахминан соатҳои 17.00 сабук
бошад. Пеш аз хоб ягон истакон шир
ё ҷурғот хӯрда хобидан ба мақсад му-
вофиқ аст. Дар акси ҳол ба организм
зӯр меояд ва ба хоби бароҳаташ за-
рар мерасонад. Хӯрокиҳои ҳозира,
масалан, грил, табака, сихкабоб ба
организм вазнинӣ менамояд ва бе-
гоҳирӯзӣ аз ҳад зиёд хӯрдани онҳо
ба ҳар гуна касалиҳо гирифтор ме-
кунад.
– Фарбеҳӣ ҳам як хели беморист.
Хӯрокхӯрии бисёр ба фарбеҳшавии
одам ҳам оварда мерасонад?
– Фарбеҳӣ ба гени одам ҳам во-
баста аст. Агар дар аҷдодҳои гузашта
одамони фарбеҳ бошанд, бе хӯрдан
ҳам одам фарбеҳ мешавад. Вале ҳо-
зир аксари ҷавонон аз хӯрдан ишкам
мемонанд, вазни барзиёд мегиранд.
Одамоне, ки то соатҳои 1-2-и шаб
хӯрок мехӯранд, ин ҳам дар навбати
худ ба равған гирифтани организм
оварда мерасонад. Барои саломатӣ
ба меъёр риоя карда, ба тарбияи
ҷисмонӣ машғул шудан лозим аст.
Аз қаҳваю чойи талх дида, барои са-
ломатии одам оби ҷӯш фоида дорад.
– Ҳама умри дароз дидан ме-
хоҳад. Барои ин чӣ бояд кард?
– Барои саломативу дарозумрӣ
тарзи ҳаёти солим мусоидат меку-
над. Масалан, японҳо дарозумранд?
Чаро? Чунки онҳо бисёр меҳнат меку-
нанд ва бештар кабудӣ ва маҳсулоти
баҳрӣ мехӯранд. Мо чӣ? Танҳо моҳӣ
мехӯрем. Он ҳам мунтазам не. Лекин
мо гӯшти гову гӯсфандро дӯст медо-
рем. Ҳозир мурғро бештар мехӯрем.
Мо ҳангоми вохӯрӣ бо аҳолӣ дар ин
бора бисёр гап мезанем, вале ҳанӯз
ин хел маслиҳатҳо дар шуури мардум
таҳшин нашудааст.
Барои дидани умри дароз мо
бояд аввал худамонро дӯст дорем.
Соле як маротиба аз назорати тиб-
бӣ гузарем. Агар намунаҳои ягон
хел касалӣ ошкор гардад, онро зуд
пешгирӣ кунем. Аз табобати беморӣ
дида, профилактикаи он осонтар аст.
Вале бисёри аҳолии мо бепарво, ан-
дармони кору ташвиш шуда, ба дух-
турон муроҷиат карданро ба қафо
мепартоянд. Агар ягон ҷояшон дард
кунад, аз телевизор рекламаи ягон
хел доруро дида, зуд аз он мехаранд.
Дору зарар дорад ё фоида меорад,
парво надоранд. Ҳар хел доруро бо
тавсияи духтур ба миқдори зарурӣ
ва дар вақтҳои муайян хӯрдан ло-
зим аст. Хулоса, саломатии инсон дар
дасти худи инсон аст. Одамони мо
баъди 50-60-солагӣ кам ҳаракат ме-
кунанд. Барои устувории саломатӣ
худи одамон бояд кӯшанд. Барвақт
хеста, пиёда гарданд, фаъолияти
узвҳои бадан беҳтар мешавад. Ҳаёт
ин ҳаракат аст. Хушбахтона, солҳои
охир мардум каму беш ба ин масъа-
лаҳо эътибор медодагӣ шудаанд. Ба
курорту санаторияҳо мераванд. Ода-
мони пир ҳам ба табобат меоянд. Боз
такрор мекунем: дидани умри дароз,
саломатӣ ва давомияти қобилияти
меҳнатӣ ба худи одам вобаста аст.
Агар одам хоҳад, ҳама кор аз дасташ
меояд. Масалан, як духтури мо Ма-
рия Абдураҳмоновна Дӯстметова
то 85-86-солагӣ кор карданд. Рӯзи
2-юми октябри ҳамин сол расо ба
100 медароянд.

Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: