БА МУНОСИБАТИ 70-СО- ЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ШОИРА МАҲБУБА НЕЪМАТЗОДА                                                 Маҳбуби бачагон

БА МУНОСИБАТИ 70-СО- ЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ШОИРА МАҲБУБА НЕЪМАТЗОДА Маҳбуби бачагон

Шоираи маҳбуби ашъораш матлуб Маҳбуба Неъматзода, ҳамон гуна ки худаш эътироф мекунад, фақат барои бачагон шеър гуфта, дар тӯли солҳои зиёд ба ин дӯстони хурдсолаш чандин китобҳоро тақдим намудааст, ки на-
хустинаш бо унвони «Борони баҳорӣ» маъруф аст.
Пас аз ин китоб маҷмӯаҳои дигари шеъру ҳикоёташ – «Духтари
заргар», «Меҳрубон», «Таваллудат муборак!», «Бонуи бобо», «Гиря кунам ё ки на?», «Модари ҷон, модарам», «Боғи шамол», «Тӯтии сухандон» пайи ҳам дастраси ҳаводорони шеъраш гаштаанд.
Инак, имсол дар синни мубораки 70 шоираи гиромӣ Маҳуба Неъ-
матзода барои бачагон боз як китоби дигар бо номи «Одоб ҳусни инсон аст» армуғон овардааст. Ба ин муносибат мусоҳибаеро, ки дар мавзӯи шеъри бачагон бо шоира доштем, бароятон пешкаш менамоем.

Муаллимаи гиромӣ, шеъри ба-
чагона ҳам яке аз шохаҳои муҳими
адабиёти бадеист. Ва шояд сабки
шеъри бачагонаро саҳли мумтанеъ
гуфтан ҳам раво бошад, ба ин далел
ки офаридани шеъри соддаю равон
ва пухтаю суфта, ки аз меъёрҳоест
барои шеъри кӯдак, кори осон нест.
Шумо чандин сол боз ба шеъри бача-
гонаи тоҷик намояндагӣ мекунед ва
ашъори дилнишин мегӯед. Аслан аз
кай ба гуфтани шеър оғоз намудаед?

– Ман аз хурдӣ ба навиштани шеъ-
ри бачагона майл доштам ва бо рӯзно-
маву маҷаллаи ҳамон давр, ки имрӯз
ба «Анбоз» ва «Истиқбол» табдили
ном кардаанд, дар робита будам. Дар
давраи мактабхонӣ рафтори додару
хоҳарҳоро дида, шеър менавиштам.
Дар овони донишҷӯӣ чанд намуна ба-
рои калонсолҳо навишта, дидам, ки
ҳамааш суханҳои такрор аст. Абдума-
лик Баҳорӣ, тақрибан солҳои ҳафто-
дунӯҳуми асри гузашта, дар анҷумани
нависандагон ба сухан баромада, номи ман, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Юсуф Аҳмадзодаро ба забон оварданд ва зимнан таъкид карданд: «Мо хушҳолем, ки ба адабиёти бачагон боз чор нафари дигар ворид шуда истодаанд ва шеърҳояшон ба мо маъқул аст.»
Баъдан, рӯзе маро дар кӯча вохӯрда
гуфтанд, ки «Маҳбубахон, фақат барои
бачагон нависед, барои калонсолҳо
нависандагон бисёранд». Аз он пас
ман ҳам дигар барои калонсолон шеър нанавиштам.
Ҳар чи менависам, аз ҳаёти худам
аст. Масалан, шеъри «Партфел»-ро ба
додарчаам бахшида гуфтаам:
Оҳ партфели бечора,
Бечора партфел!
Афтодааст ба дасти
Бачаи бадфеъл.
Раҳораҳ ӯ то мактаб
Бак-баку бак-бак!
Ҳай менавозад онро
Мисоли таблак.
Шиносеро сари раҳ
Агар бубинад,
Парфтелро курсӣ карда,
Рӯяш нишинад.
Қаҳраш ояд, беибо,
Бо дӯғу даранг
Партфелро боло карда,
Дарояд ба ҷанг.
Гаҳ партфел монанди тӯб
Парад бар ҳаво,
Гаҳ ғелад рӯйи замин
Бо даҳони во.
Ин бачаи шӯх ҳоло
Дар бари худам.
Шармам меояд гӯям:
«Додари худам».
Баъди иншои ин шеър чанд муд-
дат фикр кардам, ки мафҳуми «парт-
фел»-ро бо калимаҳои «ҷузвдон»,
«китобдон» ифода кардан ҳам мумкин
аст. Аммо нашуд, «партфел» дар ҷояш
боқӣ монд. Баъд, рӯзе дар як вохӯрӣ
бо бачагон устод Наримон Бақозода
ва Камол Насрулло маро низ ҳамроҳ
гирифтанд ва хоҳиш карданд, ки ягон
шеърамро хонам. Ман бо ин гумон,
ки барои истифодаи калимаи русии
«партфел» маро сарзаниш мекунанд,
тарсида-тарсида ҳамин шеърро хон-
дам. Онҳо дар охири шеър бо завқ
хандиданд.

– Асари бачагона, чи шеъру чи ҳи-
коя, чи фазилате бояд дошта бошад?

– Шеър бояд равон бошад, дуюм,
мавзӯи аҷоиб ва саввум, хулосаи
шавқовар дошта бошад, то дар охири
ҳар шеър бача ба шавқ ояд. Асари ба-
чагона ба ҷойи панд аст.
Ман замони донишҷӯӣ шеъри
шоирони русро зиёд хондаам. Сергей
Михалков, Агния Барто, Корней Чу-
ковскийро дӯст медоштам. Дар охири
шеърҳои онҳо хулосаҳои аҷоиб баён
мешаванд.

– Шумо ҳикояҳое ҳам доред, ки бо
услуби тоза навишта шудаанд ва ба
ҳикояҳое аз силсилаи «Барон Мюнха-
узен» (ки пур аз нақлҳои бофтаи пур-
муболиға ҳастанд) шабоҳат доранд,
чунончи «Ситорапалав», ки дар он
қаҳрамони ҳикоя болои бом меба-
рояд ва аз осмон ситораҳоро чида,
ситорапалав мепазад…

– «Якравкаду» ҳам аз ин қабил ҳи-
коятҳост, ки мувофиқи он ду каду, ки
акою уко буданду назди дарахти ток
мерустанд ва рӯзе Якравкаду панди
акояшро гӯш наандохта, бо орзуи дунё
дидан ба дарахти ток печида, боло
меравад ва овезон мемонад. Оҳиста-
оҳиста ба як кадуи калон табдил ме-
шавад ва ҳаваси ҳамаро бармеангезад.
Акояш ҳамеша аз ӯ нигаронӣ дошту
панд медод, ки эҳтиёт бошад, мабодо
нағалтад. Тирамоҳ мешаваду шамол
мевазад. Якравкаду атса мезанад ва
якбора ба замин афтода, пешониааш
варам мекунад.

– Бисёр хуб. Бо кадом адибон ҳам-
корӣ доштаед ва киҳо ба шумо ҳаққи
устодӣ доранд?

– Дар давоми фъолияти кориям дар
нашрияҳои «Пионери Тоҷикистон»,
«Чашма», «Занони Тоҷикистон» (ҳоло
«Фирӯза») бо бисёр шахсиятҳои маъ-
руф ҳамкор будаам, аз ҷумла бо Гул-
чеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ,
Гулрухсор Сафиева, Наримон Бақо-
зода, Убайд Раҷаб, Ҷӯра Ҳошимӣ ва
дигарон.
Шоири дӯстдоштаи бачагон Гул-
чеҳра Сулаймонӣ устоди хуб буданд.
Мо чандин сол дар маҷаллаи «Занони
Тоҷикистон» бо ҳам кор кардаем. Ҷӯра Ҳошимӣ ҳам, ки ба ман ҳаққи устодӣ доранд, вақте ягон шеъри хубе аз ман шунаванд, мисли кӯдак хушҳол мешуданд, ки «мавзӯи хуб пайдо кардаед» ва ё «хулосаашро хуб ёфтаед».

– Кадом шоирон, аз назари шумо,
барои бачагон шеърҳои хуб гуфта-
анд?

– Гулчеҳра Сулаймонӣ шоири хуби
бачагона ҳастанд, шеърҳояшон равону дилписанд аст. Ҳамсарашон Акобир Шарифӣ низ шоири хуб буданд ва бо банда дар рӯзнома кор кардаанд. Шоирони дигар – ҳамкорони собиқи мо,
Абдумалик Баҳорӣ, Наримон Бақозода, Убайд Раҷаб, Ҷӯра Ҳошимӣ ҳам барои бачагон бисёр шеърҳои дилпазир гуфтаанд.

– Оё асарҳоятон ба дигар забонҳо
низ тарҷума шудаанд?

– Дар айни замон худам кӯшида
истодаам, ки ҳикояҳоямро ба ӯзбекӣ
баргардонам. Келинамон, ки ӯзбекӣ
таҳсил гирифтаанд, гоҳо дар таҳрири
онҳо ёрмандӣ мекунанд. Набераҳо-
ям, ки дар мактаб русӣ мехонанд, ме-
хоҳанд, ки ҳикояҳоямро ба русӣ низ
баргардонем, то ба муаллимашон ни-
шон диҳанд.

– Дарвоқеъ, муаллима, имрӯз фар-
зандҳои мо ба дигар забонҳо низ таҳ-
сил мегиранд. Барои он ки фарҳанги
миллӣ ҳифз шавад, чи корҳоро бояд
анҷом диҳем?

– Ман одатан ба фарзандҳоям ҳико-
яҳои тоҷикӣ хонда медиҳам, ё чистонҳо мепурсам. Бо вуҷуди таҳсилоташон ба забони русӣ онҳо суханҳои маро зуд мефаҳманд, чунки дар хонавода бо забони модарӣ ҳарф мезананд. Одатан ман ба дасташон китобчаҳои хурди тоҷикӣ дода, мегӯям, ки бихонанд ва ҳар калимае, ки барояшон нофаҳмост, аз ман бипурсанд.

– Муаллима, шумо шеъри алла ҳам
доред? Ба фикри шумо, чаро ин қадар
аллаҳои модарони мо ҳузнангезанд?

– Шояд сабабаш дар он аст, ки мо-
дарони мо дар гузашта зиндагонии
сахту мушкил доштанд, кӯдакҳошон
зиёду ташвишҳояшон хастакунанда
буданд. Ё шояд барои он ки хоби бача
барад, бо оҳанги маҳзун мехонданд.
Ман шеъри алла нагуфтаам, аммо
як шеъри ба тозагӣ эҷодшудае дорам,
ки дар он модарфил тифлашро алла
мегӯяд:
Дар қитъаи Африқо,
Дар кишвари Замбиё.
Филча омад ба дунё –
Вазнаш расо сад кило!
Ба филчаи навзодаш
Алла гӯяд фил-она:
«Писарҷони якдона,
Чун додот шав даҳ тонна!»

– Вазъи инкишофу интишори
шеъри бачагон дар ҷумҳурии мо дар
чи ҳол аст?

– Вақтҳои охир бисёр китобчаҳо
барои бачаҳо низ ба табъ мерасанд.
Баъзе муаллифон китобчаҳои нав ба
нав барои таҳрир наздам меоранд.
Гоҳо афсӯс мехӯрам, чун мебинам, ки
онҳо такрор ҳастанд. На хулоса до-
ранд ва на мақсади муаллиф маълум
мебошад. Аз ин гуна китобчопкуниҳо
чӣ суд аст?

Фикр мекунанд, ки навиштани шеъри бачагона осон аст.
Аммо шоирони бачагон чунин ақи-
да доранд, ки аз ҳама мушкил барои
кӯдакон навиштан аст. Имрӯзҳо гра-
фомания авҷ гирифтааст.

– Доир ба асарҳои ҳамқаламони
худатон, аз қабили Бахтиёри Ҷумъа
ва ё Дилрабо Насимӣ чӣ метавонед
гӯед?

– Бахтиёри Ҷумъа низ аз ҳамкорони
ман ҳастанд, мо замоне бо ҳам якҷоя
дар рӯзнома кор кардаем. Дар бораи
бачаҳо ҳикояҳои шавқовар менави-
санд. Мавзӯъҳои хубро барои ҳико-
яҳояшон интихоб мекунанд. Китоби
навашон соли гузашта бо унвони «Асали бобо» чоп шудааст. Тарҷумаи ҳикоёташон ҳам бо номи «Бойчечак» ба забони ӯзбекӣ интишор ёфтааст. «Маликаи доно» –и муаллифро низ пеш аз нашраш хонда баромадаам. Ҳарчанд ҳар ду барои бачагон менависем, аммо услубҳоямон дигар-дигар аст.
Соли 2015 китоби Дилрабо Насимӣ
бо унвони «Маро ба мактабат бар» аз
нашр баромад. Ман ҳамчун муҳаррир
пеш аз чоп китобро хонда баромадам.
Китоби хубест барои мактаббачагон.
Ман умед дорам, ки Дилрабо Насимӣ
боз ҷиддитар бо гуфтани шеъри ба-
чагона машғул мешаванд, боз шеъру
ҳикояҳои беҳтар менависанд.

Муаллимаи азиз, барои сӯҳбат ба
шумо ташаккур мегӯем. Умедворем,
ки боз солиёни зиёд барои бачагони
мо шеъру тарона, чистону афсонаҳои тозаву рангин ва дилнишин ҳадя меоред.

Мусоҳиб Дилшоди ФАРҲОДЗОД

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: