1-уми июн рӯзи байналхалқии бачагон

1-уми июн рӯзи байналхалқии бачагон

“Бачаҳо – кафолати ҳаёти ояндаи бузурги мо!” зери чунин шиор бахшида ба рӯзи байналалқии бачагон ва таҷлили зодрӯзи шоира Маҳбуба Неъматзода дар қасри мактаби мусиқӣ ва ва санъати рақами 12-и ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд, бо ҳамкории рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва ДДС базми бошукӯҳи фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз саҳари барвақт садои карнаю сурнай ва таблу нақора таваҷҷӯҳи мардумро сӯи бинои мактаби мусиқӣ ва санъат равона сохт. Фавҷ-фавҷ толибилмони мактабу коллеҷҳо, вакилони ташкилоту идораҳои гуногун ва фаъолони гузару ноҳияҳои вилоят бо гулдастаҳои тару тоза бо чеҳраҳои кушоду лабҳои пурханда ба базмгоҳ омаданд. Дар даромадгоҳи оинабанди хушҳаво мусобиқаи шатранҷбозиву расмкашӣ авҷ гирифт. Дере нагузашта, толори орову торо ёфта, бо мардуми синну солу касбу кор лабрез гардид. Раиси маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ба собиқ раис Абдуваҳҳоб Воҳидов барои хизматҳояш арзу сипос намуд. Ва аз рӯи анаъна ҷомаву тоқӣ пӯшонд. Инчунин, ӯ ба шоираи маҳбуби бачагон Маҳбуба Неъмаатзодаро бо 70-солагӣ табрик кард ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Доктори фанҳои филологӣ, профессор Садри Саъдиев олимони донишгоҳи давлатии Самарқанд Амон Воҳидов, Ҷумъа Ҳамроев, Дилшоди Фарҳодзод, муҳаррири рӯзномаи “Гулобод тонгӣ” Нормурод Каримзода, шоира Дилрабо Насимӣ, сардабири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодури Раҳмон ва дигарон ба минбар баромада соҳибҷашнро шодбош гуфтанд. Ҳофизони номдори Самарқанд Мардони Мавлон, Иноятулло Раҳмонов, Талъатҷон Шоҳбаратов, Шерзод Турсунов ва дигарон бо сурудҳои дилошӯби худ табъи ҳозиронро болида сохтанд.
Аъзоёни маҳфили бадеии мактабҳои рақами 16, 18, 37, 39, 43, 62 ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, ва ғайра шеъру суруд хонданд. Аксарияти матни шеърҳо аз шоира Маҳбуба Неъматзода буд. Баромади навниҳолакони боғи санъат, ки ниҳоят самимона, пурҳаяҷон, вале далерона буд. Ба ҳозирон писанд омад. Дар поёни анҷуман соҳибҷашн Маҳбуба Неъматзода ба саҳна баромада, ба таъсисдиҳандагон арзи сипос кард. Ҳомиёну ҳамкорони тадбир ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Қӯрғони калон” таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд”, федератсияи шахмати вилоят, маҷмӯъи маънавӣ-маърифии Олами китоб, ташкилоти навбунёди байналмилалӣ “Душанбе наво” дар Самарқанд, шӯъбаи таълими халқии ноҳияи Самарқанд як гурӯҳ фаъолони озмуну иштирокчиёни анҷуманро бо тӯҳфаҳои хотирвӣ сарфароз намуданд. Марди маърифатпарвари саховатпеша Толибҷон Маъруфӣ як миллион сӯм маблағро ба фарзандони оилаҳои камбизоат бахшид. Барои дилнишину хотирнишин гузаштани анҷуман хизмати сухандон Шаҳло Аҳророва, ҳунарпеша Талъат Шобаратов ва дигарон калон аст.

Дар Самарқанд дер боз чунин анҷумани бошукӯҳ нашуда буд, иброз дошт адиби маъруф Адаш Истад. – Ман ба фаъолияти маркази миллӣ-мадании тоҷикони шаҳри бостонӣ комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.
— Рости гап як олам ғизои маънавӣ гирифтем, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд, собиқ корманди рӯзномаи Овози Самарқанд Мирсафо Камолӣ. – Ба иштирокчиён як олам ташаккур!
– дар оянда нақшаҳои калон дорем, — гуфт раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов, -шиори мо:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Бояд таъкид намуд, ки тадбир бо тайёрии пухта ва хотирнишин гузашт. Умед аст, ки маркази фарҳангӣ барои эҳёи маданияту санъат, ҳунару адабиёт боз бисёр хизматҳоро шоиста хоҳад кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: