31-УМИ МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТАМОКУКАШӢ                                                    Тамокукашӣ зиён дорад

31-УМИ МАЙ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТАМОКУКАШӢ Тамокукашӣ зиён дорад

Мухбирамон бо шифокор – наркологи Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Оқдарё Санҷар ИСМОИЛОВ оиди мубориза бар зидди тамокукашӣ ва зарари он ба
организми инсон сӯҳбат орост.
– Имрӯзҳо дар ҷумҳуриятамон дар мубориза бар зидди тамокукашӣ чӣ гуна чорабиниҳо амалӣ мегарданд?
– Рӯзи чоршанбе дар ҷамъомади васеъ, ки аз ҷониби Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва ваколатхонаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ташкил гардид, ҷонишини аввали вазири ҳифзи тандурустӣ Баҳодур Юсуфалиев
маълум кард, ки дар мамлакатамон, дар ҷойҳои ҷамоатӣ пурра манъ кардани тамокукашӣ дар назар аст. Ба лоиҳаи қарори Президентамон «Дар бораи тасдиқи мақсадҳои миллии ривоҷёбии барқарор то соли 2030» чор мақсади муҳим дароварда шудааст, ки яке аз онҳо ба ин масъала нигаронида шудааст.
Мувофиқи лоиҳаи қарор ба 33 фоиз кам намудани дараҷаи вафоти барвақтии одамон, аз 4 намуди бемории ғайрисироятӣ, ба 10 фоиз паст кардани дараҷаи истеъмоли
тамоку, дар ҷойҳои ҷамоатӣ ба 100 фоиз манъ кардани тамокукашӣ ва босамар ҷорӣ намудани конвенсияи доирави зидди тамокуи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бемории ғайрисироятӣ дар назар аст. Аз тарафи ваколатхонаи ТУТ дар Ӯзбекистон аз рӯйи истеҳсоли нос ва паҳнкунии
он пурқувват кардани чораҳо таклиф карда шуд. Имрӯзҳо носкашӣ таъқиқ шуда бошад ҳам, онро дар ҷумҳуриятамон озодона мефурӯшанд. Чораҳои пешгирии ҳолати мазкур
дар «Харитаи роҳи», ки барои солҳои 2018-2019 пешбинӣ шудааст, аз рӯйи пурқувватсозии мубориза зидди эпидемияи тамоку нишон дода мешавад.
– Дар бораи зарари тамоку мо садҳо маротиба хондаему
шунидаем…
– Кашидани тамоку бемориҳои ишемикии дил, сактаи мағзи сар ва раги хунгардии периферикиро ба миён меорад. Дар ҷаҳон ҳар сол аз эпидемияи глобалии тамоку беш
7 миллион нафар одам аз олам чашм мепӯшад. Соле қариб 900000 нафар одаме, ки аз дуди тамоку нафас гирифтааст, вафот мекунад. Дар Ӯзбекистон беш аз 1,44 миллион нафар тамокукашҳо ҳастанд, ки хавфи барвақт аз ҳаёт чашм пӯ-
шидан таҳдид мекунад.
– Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бобати мубориза бар зидди тамокукашӣ чӣ гуна таклиф-
ҳоро пешкаш намуд?
– Ташкилот амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳои зеринро таклиф кард:
– бурдани мониторинги кашидани тамоку ва чораҳои профилактикаи он, мониторинги фаъолияти саноати та-
моку;
– чораҳои накашидани тамоку дар биноҳои ҷамоатӣ, нақлиёти ҷамоатӣ, ҷойҳои корӣ, ҳифзи одамон аз дуди тамоку;
– барои барҳам додани истеъмоли тамокукашӣ ёрӣ пешниҳод намудан;
– ба таври оддӣ қадоқ намудани маҳсулоти тамоку ва дар рӯйи онҳо навиштаи огоҳиҳо оиди аз рӯйи бемориҳое, ки аз тамокукашӣ пайдо мешаванд;
– дар воситаҳои ахбори оммавӣ гузоришҳо оиди зарари
тамоку;
– таъмин намудани таъқиқи рекламаи маҳсулоти тамоку,
рағбатнамоии савдои онҳо ва амалигардонии фаъолияти
сарпарастӣ;
– зиёд намудани андоз ба маҳсулоти тамоку ва қимат
кардани нархи онҳо.

Сӯҳбатнигор Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: