Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

ДАР БОРАИ ҚАЙДИ ИДИ РАМАЗОН

Мавқеи беқиёси Иди мубораки Рамазон – айёми муқаддас барои тамоми аҳли мусулмонро дар ҳаёти халқамон, аҳамияти бузурги онро дар қарор ёфтани арзишҳои олӣ чун ҳисси ҳурмати байниҳамдигарӣ, меҳру оқибат, хайру саховат ва шукргузорӣ дар ҷамъият ва ба мақсади ҳифз ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва диниамон:

  1. Қарори раёсати Идораи мусулмонони Ӯзбекистонро дар бораи ба 5-уми июн — рӯзи чоршанбе мувофиқ омадани рӯзи аввали Иди Рамазонро ба инобат гирифта, дар мамлакатамон 5-уми июни соли 2019 ба сифати ҷашни Иди Рамазон васеъ қайд карда шавад.
  2. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми ноябри соли 2018 “Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар даври ҷашни санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2019” таҳти рақами ФП-5574 кӯчондани рӯзи шанбе — 1-уми июн ба рӯзи панҷшанбе – 6-уми июн барои маълумот қабул карда шавад.
  3. Шӯрои вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Хазинаи дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон “Нуронӣ”, Шӯрои вилоятӣ доир ба мутобиқгардонии фаъолияти органҳои худидоракунандаи шаҳрвандон ва бо дигар ташкилотҳои ҷамоатӣ барои дар ҷойҳо ботартиб ва ба дараҷаи баланд, мувофики анъанаҳои миллӣ ва диниамон гузаштани Иди Рамазон тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
  4. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки тадбирҳои бо ҷашни Иди Рамазон вобастаро васеъ равшан намоянд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Арипов вогузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурияти
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри Тошканд,
30-юми майи соли 2019

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: