Мактаби аз ҳама ободи вилоят

Мактаби аз ҳама ободи вилоят

Дар мактаби таълими умумии рақами 217-и шаҳри Тошканд маросими ботантанаи мукофотонидани ғолибони зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Мактаби аз ҳама обод» гузаронида шуд.
Дар озмун, ки мувофиқи фармойиши Вазорати таълими халқӣ аз 19-уми марти соли ҷорӣ, дар доираи моҳонаи экологии «Мактаби обод» ташкил гардид, беш аз 200-то мактабҳои ҳамагонӣ фаъол иштирок карданд.
Ба кумитаи ташкилии озмун 42-то видеонавори эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ки дар зинаҳои ҳудудӣ ғолиб гардидаанд, тақдим гардид ва дар веб-­сайти расмии Вазорати таълими халқӣ гузошта шуд.
Ба видеонаворҳое, ки дар сайт ҷойгир карда шуданд, то 10-уми майи соли ҷорӣ ҷараёни овоздиҳӣ давом ёфт ва дар анҷом аз ҳар як вилоят муассисаи таълими умумии беҳтарин аниқ карда шуд.
Дар зинаи ҷумҳуриявӣ аз вилоятамон мактаби ҳамагонии рақами 62-и шаҳри Самарқанд овози аз ҳама зиёдро ба даст оварда, бо дипломи дараҷаи аввал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуд.


Хизмати матбуоти Садорати таълими халқи вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: